Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии Сибири Шимолӣ

Пастии Сибири Шимолӣ

Пастии Сибири Шимолӣ, п а с т и и Таймир, пастиест дар байни поёноби дарёҳои Енисей ва Оленёк, дар кишвари Красноярск ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Ёқутистон. Тӯлаш 1400 километр, бараш то 600 километр.

Сатҳаш талу теппадор, баъзаян кӯҳҳои паст (200—300 метр) низ дучор мешаванд. Кӯлу ботлоқзорҳо бисёранд. Қисми зиёди Пастии Сибири Шимолӣ аз заминҳои яхбастаи бисёрсола иборат аст. Растаниҳои хоси тундра ва бешатундра мерӯянд. Конҳон нефту газ ва ангиштсанг дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …