Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии назди каспий

Пастии назди каспий

Пастии назди каспий, пас­тиест, ки дар соҳили шимолии баҳри Каспий (қисми ҷануби шарқии ҳамвории Европаи Шарқӣ ё Рус) ва Қазоқистони Ғарбӣ воқеъ гаштааст.  Дар Fарб бо баландиҳои Ставропол, Ергепи ва поёноби дарёи Волга, дар Шимол бо Сирти Умумӣ, дар Шимоли Шарқ ва Шарқ бо пуштакӯҳи Урали Пеш ва дар Ҷануби Шарқ бо партгохи пуштакӯҳи Устюрт ва нимҷазира Манқишлоқ ҳам­ҳудуд аст. Масоҳати пастӣ тақрибан 200 ҳазор килоиетр3. Баландиаш то 149 метр, қисми ҷанубии он аз сатҳи уқёнус 28 метр паст. Қисми ғарбии пастиро дарёбоди Болтаю Охтуба бурида мегузарад.

Делтаи дарёҳои Волга, Терек, Сулак, поёноби Уралу Эмба низ дар пас­тӣ воқеъ гаштаанд. Пастии Назди Каспий асосан дар пастхамии чуқури тектоникӣ воқеъ гардида, дар давраи антропоген борҳо зери оби баҳр мондааст. Тахнишастҳои қисми шимолиаш аз гил, гили регдор, ҷанубиаш аз регсанг иборатанд. Ҷо-ҷо баландиҳо (кишлоқи Бог­дан Калон, Богдан Хурд ва ғайра), халҳо, сойҳо ва дар делтаи дарёи Волга «дӯнгиҳои бэри» воқеъ гаштаанд.

Иқлими Пастӣ хушк, континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ дар Шимол—14°Селсия, дар соҳили баҳри Каспий —8°Селсия, июл дар Шимол 22°Селсия, дар Ҷануб 24°Селсия. Боришо­ти солона дар қисми ҷануби шарқӣ 200—250 миллиметр, дар шимоли ғарбӣ 350 миллиметр. Ландшафти Пастӣ— биёбонӣ ва нимбиёбонӣ. Чарогоҳҳо бисёранд. Дар дарёбоди Волгаю Охтуба парвариши зироати полизӣ, инчунин боғдорию сабзавоткорӣ ривоҷ ёфтааст. Аз сарватҳои зеризаминӣ нефту газ ва дар кӯлҳои Элтону Бескунчоқ намаки oш ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …