Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии Кубану назди Азов

Пастии Кубану назди Азов

Пастии Кубану назди Азов, пастии назди Кубан, ҳамвориест дар қисми ғарбии Кавкази Пеш, шимолтар аз Кубани Поён. Дар Fарб бо баҳри Азов, дар Шимол бо поёноби дарёҳои Дону Манич, дар Шарқ бо баландии Ставропол, дар Ҷануб бо доманаи кӯҳҳои Кавкази Калон ҳамҳудуд аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 100—150 метр.

Пастӣ аз ҷинсҳои таҳшинии синнвшон ме­зозою кайнозой таркиб ёфта, бо гил ва ҷинсҳои лёссмонанд рӯпӯш шудааст. Кисми шимоли ғарбии ҳамворӣ конҳои газ дорад. Иқлимаш мӯътадил; боришоти солона 400—600 миллиметр. Заминаш сиёҳхок. Пастӣ ноҳияи асосии ғаллакории Кавкази Шимолист.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …