Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии ҷануби Каспий

Пастии ҷануби Каспий

Пастии ҷануби Каспий, пастиест дар шимоли Эрон, дар назди со- ҳилҳои ҷанубии баҳри Каспий. Тулаш 525 километр, бараш 2—6 километр, дар делтаи дарёҳои Сафедрӯд ва ғайра то 40 километр. Иқлимаш субтропикӣ, боришоти солона беш аз 1000 миллиметр.

Ҷо-ҷо бешаҳои булут, момроз ва роздор воқеъ гаштаанд, ки пур аз буттазор ва дарахтони дулонаю олучаанд. Дар мурдобаю ботлоқзорҳои делтаи дарёҳо қамиш мерӯяд. Қамишзорҳо ҷои зи- мистонгузаронии мурғони обист. Конҳои нефт, газ ва ангиштсанг дорад. Дар ин ҷо шолӣ, чой, пахта ва ғалла мекоранд, плантасияи растаниҳои ситрусӣ ва боғу токзорҳо мавҷуданд. Шаҳрҳои асосиаш: Рашт ва Сарӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …