Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии Ҷануби Каспий

Пастии Ҷануби Каспий

Пастии Ҷануби Каспий, пастиест дар шимоли Эрон, дар назди соҳилҳои ҷанубии баҳри Каспий. Тӯлаш 525 км, бараш 2—6 км, дар делтаи дарёҳои Сафедруд ва ғайра то 40 км. Иқлимаш субтропикӣ, боришоти солона беш аз 1000 мм. Ҷо-ҷо бешаҳои бу­дут, момроз ва роздор воқеъ гаштаанд, ки пур аз буттазор ва дарахтони дулонаю олучаанд. Дар мурдобаю ботлоқзорҳои делтаи дарёҳо қамиш мерӯяд. Қамшизорҳо ҷои зимистонгузаронии мурғони обист. Конҳои нефт, газ ва ангиштсанг дорад. Дар ин ҷо шолӣ, ҷой, пахта ва ғалла мекоранд, плантатсияи растаниҳои ситрусӣ ва боғу токзорҳо мавҷуданд. Шаҳрҳои асосиаш: Рашт ва Сарӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …