Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пастернак Борне Леонидович

Пастернак Борне Леонидович

Пастернак Борне Леонидович (10. 2. 1890, Москва —30. 5. 1960, Пе­ределкино, вилояти Москва), шоири советии рус. Шеърҳои аввалинаш соли 1913 ба табъ расидаанд. Дар маҷмӯъаҳои аввалинаш таъсири равияҳои символизм ва футуризм ба назар мерасад. Дар достони эпикии «Касалии олӣ» (1924, таҳрири 2-юмаш соли 1928) Пастернак образи Владимир Илич Ленинро офарида, ӯро чун мутафаккири бузург, роҳбари боистеъдоди Партияи Коммунис­тӣ ва Давлати Советӣ тавсиф менамояд. Дар достонҳои «Соли нӯҳсаду панҷум» (1925—26) ва «Лейтенант Шмидт» (1926—27) мавзӯи Револютсияи якуми рус мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

Тазодҳои чаҳонбинии Пастернак, ки роҳи худро дар шароити нави иҷтимоӣ ҷӯё буд, дар асарҳои солҳои 30 офаридааш зуҳур намудаанд. Дар по­вести тарҷумаиҳолии «Мазҳари дифоъ» (1931) ва романи манзуми нотамоми «Спекторский» (1931) боварӣ ба рӯҳияи револютсия, музаффарияту мақсадҳои он ифода ёфтааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45) Пастернак қаҳрамонони ҷангро васф намудааст (маҷмӯъаи «Ҳалокати сапёр»). Солҳои 50 Пастернак бӯҳрони эҷодиро аз cap гузаронид. Дар романи «Доктор Живаго» навари салбӣ ба револю­тсия ва нобоварӣ ба имконияти таҳаввулоти иҷтимоӣ ифода ёфтааст. Роман соли 1957 дар хориҷа нашр гардид ва барои он соли 1958 ба Пастернак Му- кофоти нобелӣ дода шуд. Дар матбуоти советӣ ин роман дучори танқиди сахте гардида, Пастернак аз сафи ИН хориҷ карда шуд. Пастернак аз Мукофоти нобелӣ даст кашид. Дар силсилаи шеърҳои солҳои 1956—59 офаридааш Пастернак роҳи нави эҷодиро пеш гирифта, барои аз ашъораш дур кардани оҳангҳои фоҷиаомез ва яъсу ноумедӣ ва танҳоӣ кӯшидааст. Пастернак дар тарҷумаи ашъори шоирони гурҷӣ ва эҷодиёти  адибони бузурги Ғарб — Улиам Шекспир, И. В. Гёте, Г. Сакс, П. Шелли, Н- Ките, П. Верлен ҳиссаи арзандае гузоштааст.

Основание: Стихотворения и поэмы, Москва— Ленинград., 1965; Звёздное небо. Стихи зарубежных поэтов, Москва, 1966.

Адабиёт: Паперный 3., Б. Л. Пастер­нак, дар китоби: История русской советской литературы, том 3, Москва,, 1968.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …