Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пастер Луи

Пастер Луи

Пастер (Pasteur) Луи (27. 12. 1822, Дол Юра —28. 9. 1895, Виль-нёв-л’Этан, назди Париж), микро­биолог ва химики франсавӣ, асосгузори микробиоло­гия ва иммунологияи ҳозира. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (1862) ва академияи тиб- бии Франсия (1873), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петер­бург (1893). Мак­таби олии нормалиро хатм кардааст (1847). Профессори Университетҳои Страс­бург (аз 1849), Лилл (аэ 1854) ва Париж (1867). Аввалин директори Ин-ти тадднцоти илмии микробиоло­гия (Институти Пастер) аз соли 1888. Тадқиқоти аввалину оид ба омӯзиши ассиметрияи оптикии молекулаҳо асоси стереохимия гардид.

Оид ба изомерҳои оптикӣ ва бо ёрии микроорганизмҳо аз ҳам ҷудо кардани онҳо тадқиқот гузаронидааст. Соли 1857 проссесҳои туршщавиро омӯхта, ба ҳосилшавии вино, пиво ва ғайра асоси илмӣ гузошт. Усули нигоҳ доштани вино (пастеризасия)- ро пешниҳод кард, ки сонитар онро дар истеҳсоли пиво, шир ва шарбатҳои гуногун ис­тифода бурданд. Ҳангоми тадқиқи як қатор бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот (сӯхтанӣ, сурхакони хук, вабои мурғ ва ғайра) муқаррар намуд, ки сабабгори асосии ин касалиҳо ангезандаҳои махсус мебошанд. Дар асо­си ин тадқиқот барои иммунитет ҳосил кардан усули моякӯбии пешакиро (масалан, аз сӯхтанӣ) пешниҳод кард.

Асос: Избранные труды том 1—2, Москва, I960.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …