Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пасифизм

Пасифизм

Пасифизм (аз лотинӣ pacificus — сулдофарин, аз рах — сулҳ ва fa­cto — мекунам), ҳаракати зидди ҷангиест, ки иштироккунандагони он эътирофу эъломи аз ахлоқ берун будани ҷангҳоро омили асосии пешгирии ҷангу ҷидол медонанд. Пасифистҳо ҳама гуна ҷанг, аз ҷумла ҷангҳои озодихоҳонаи одилонаро низ инкор мекунанд. Онҳо ба ҷои аз байн бурдани заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷанг, омилҳои боварикунонӣ ва намоишҳои осоиштаро воситаи пешгирӣ кардани он медонанд. Бо вуҷуди алоқамандии Пасифизм ба идеологияи буржуазии либе­ралӣ он доираи васеи аҳолии рӯҳияи демократӣ доштаро низ дар бар гирифтааст. Конгресси байналхалқии пасифистҳо чандин маротиба барои манъ намудани чангҳо, ба амал баровардани яроқпартоии умумӣ, бо ёрии суди ҳакамии бай- налхалқӣ ҳал намудани баҳсҳо давлатҳо баромад кардааст.

Пасифизм дар давраи вусъати ҳаракати револютси­онӣ барои оммаро аз муборизаи зидди империализм боз доштан кӯшидааст. Владимир  Илич Ленин дар давраи Ҷан­ги якуми ҷаҳонӣ ба тарғиби абстрактии сулҳи пасифистҳо баҳо дода гуфтааст, ки он «яке аз шаклҳои синфи коргарро фиреб додан мебошад» (Асос ҷилди 21, саҳифаи 160). Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шароити тағиирёбии таносуби қувваҳо ба фоидаи сотсиализм партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ барои ба мубориза баҳри сулҳ ҷалб намудани табақаҳои гуногуни меҳнаткашони тамоми мамлакатҳо мекӯшанд. Нуқсону маҳдудиятҳои фаъолияти Пасифизмро ба инобат гирифта, кӯшиш доранд, ки тамоми қувваҳои сулҳҷӯй, аз ҷумла пасифистҳои содиқро дар мубо- риза ба муқобили хавфи ҷангҳо ва сиёсати ҷангҷӯёнаи империализм муттаҳид намоянд. Бисёр паси­фистҳо ва баъзе ташкилотҳои онҳо ба ҳаракати тарафдорони сулҳ ҳамроҳ шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …