Маълумоти охирин

Пашша

Пашша, як хел ҳашароти паррандаест. Намудҳои гуногуни Пашша, ки аз ҷумлаи дуболаҳои мӯйлабдароз мебошанд, дар биология зерқатори дуболаҳои одди (Nematoceria)-ро ташкил медиҳанд. Тану болҳои аксари Пашшаҳо дарозу бориканд. Пашша дар об, хокҳои нам, бофтаи растаниҳо ва ғайраҳо. зиндагӣ мекунад. Шираи растанӣ, нектар, хуни одаму ҳайвонро мемакад. 335 оилаи Пашша, ки зиёда аз 20 ҳазор намудро дар бар мегирад, дар ҳама ҷо паҳн шудааст. Пашша ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешавад.

Пашшаҳои дарозпой, ки кирминаашон дар об, ҷойҳои сернам зист мекунад; баъзеашон ба растаниҳо зарар мерасонанд. Кирминаи аксари Пашшаҳои з а н- бӯуӯғ дар занбӯруғҳо ҳаёт  мегузаронанд. Кирминаи Пашшаҳое, ки га л л и т с а ҳ о ном доранд, бофтаҳои растаниро мехӯрад; баъзе намудҳои ин гурӯҳ дарранда ва баъзеи дитарашон паразит мебошанд. Хомушакҳо Пашшаҳои хунмак буда, барангезандаҳои табларза ва лейшманиозро паҳн мекунанд; Пашшаҳи вараҷа ба як гурӯҳ мансуб аст. Кирминаи л а р зонпашша ё худ парвонаҳои обӣ дар об зист мекунад ва хӯроки моҳӣ мебошад. Кирминаю зочаи «к и рм и х а р а к» дар ҳавзу лаби ҷӯйбор ва заминҳои сернам вуҷуд доранд; фақат модинаашон хун мемаканд; ба одам ва ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ ҳамла мекунанд, онҳо паҳнкунандаи як қатор касалиҳои ҳайвонот, энсефалити японӣ ва ғайра мебошанд. Дар кӯҳҳо ва соҳили дарёю лаби ҷӯйбор Пашшаҳое дида мешаванд, ки ба оилаи Вlepharoceridae (қариб 150 намуд) ва Deuphrophlebiidae (5 намуд) мансубанд. Кирминаи онҳо узви махсусе дорад, ки ба воситаи он ба сангу гиёҳҳои лаби ҷӯйбор часпида ба воя мерасад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …