Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пашмикӯҳна

Пашмикӯҳна

Пашмикӯҳна, ёдгории археоло­гии ибтидои асрҳои миёна дар қисми ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор. Дар мавзеи байни дарёҳои Ширкент ва Қаротоғ воқеъ аст. Соли 1980 экспедитсияи якҷояи УДТ, институтҳои таърих ва геологияи АФ Тоҷикистон ба тадқиқоти он ибтидо гузошт. Масоҳати Пашмикӯҳна 15 км2 буда, ба 4  қисм тақсим шудааст. Аз он қариб 50 кураи маъдангудозӣ ва боқимондаи дошҳо ба даст омаданд.

Тадқиқотҳо собит намуданд, ки сокинони Пашмикӯҳна маъданҳои гуногуни оҳанро гудохта, онро васеъ истифода мебурдаанд. Дошу махрутҳои дажғолӣ хусусан аз наздикии андароби дарёҳои Ширкент ва Харкуш бисёр оёфт шуданд. Аз Пашмикӯҳна ба миқдори зиёд сафолот, олоти давраи не­олит, боқимондаи ҳайвоноти хонагӣ на ғайра ба даст омаданд. Аз мазоре, ки 200 м. шимолтар аз димна воқеъ аст, ду навъи қабр кашф гардид. Як навъи ин қабрҳо ба давраи тоисломӣ, дигаре ба давраи мусулмонӣ мансуб аст. Аз қабрҳои тоисломӣ маснуоти фулузӣ ёфт шуд. Ба туфайли кашф гардидани Пашмикӯҳнпа доир ба архео­логия, этнография ва таърихи Тоҷикистон материалҳои нав ба даст омаданд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …