Маълумоти охирин

Пашмак

Пашмак 1) як навъ ҳалвоест, ки дар Осиёи Миёна ва баъзе мамлакатҳои Шарқ аз қадим машҳур аст. Пашмакро аз шакар, орд, ҷавҳари лиму ва равған тайёр мекунанд. Ба дег шакар ва об (миқдори об назар ба шакар 30—40% камтар) андохта меҷӯшонанд. Ба қиёми тайёршуда ҷав­ҳари лиму илова карда, то 1,4—1,8% боди мондани нами меҷӯшонанд. Ба қиёми ҷавҳардор орди бирёнро кам­кам рехта, бо белчаи чӯбӣ то ба монанди хамир шуданаш лат медиҳанд.

Ба рӯи тахта, суфра ё Тағо­ра орд пошида, бар он ҳамираи қандалотро мерезанд ва то тор-тор шуданаш гоҳ-гоҳ орд пошида якчанд маротиба ба ду тараф мекашанд. Пашмакро бо чунин усул низ тайёр мекунанд: аз хамираи қиём аввал лӯлаи дароз, сипас ҳалқа сохта онро молиш додан мегиранд. Ба рӯи ҳалқаи хамирб каме орд пошида, ҳалқаро чапу рост ду қат карда, рӯи ҳам партофта ба такрор молиш медиҳанд. Дар натиҷаи маротибаи зиёд (25—30 маротиба) молиш додани ҳамира ҳалқае пайдо мешавад, ки қабатҳояш аз торҳои ба мисли мӯи борик ва нозук иборатанд. Пашмаи тайёршударо бо корд ё қайчӣ ба андозаи дилхоҳ бурида-бурида дар қуттӣ таҳ карда, ба ҷои хушк мегузоранд ё истеъмол мекунанд.

Пеш Пашмакро дар ҳалвогархона мепухтанд, ҳоло танҳо ҳалвогарони алоҳида тайёр мекунанд; 2) як навъ шафтолуест, ки пӯсташ пат дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …