Маълумоти охирин

Пашм

Пашм 1) мӯи бадани ҳайвоноти ширхор, ки сифатҳои ресандагӣ до­рад; 2) яке аз нахҳои табиии асосин бофандагӣ. Миқдори зиёди Пашми саноатро Пашми гӯсфанд ташкил медиҳад; миқдори нисбатан ками онро аз буз, шутур, гажгов (кутос), харгӯш, заргуш, асп, гов, гавазн, саг ва дигар ҳайвонот мегиранд. Пашмро барои истеҳсоли матоъ, маснуоти ҷулоҳи (трикотаж), қолин ва ғайра истифода мебаранд. Истеҳсоли ҷаҳонии Пашми гӯсфанд соли 1976 ба 2,6 млн т расид. Миқдори бештари Пашмро Ав­стралия (747 ҳазор т), Зеландияи Нав (311 ҳазор т), Аргентина (160 ҳазор т) истеҳсол мекунанд. Дар СССР соли 1977 458 ҳазор т ва аз ҷумла дар Тоҷикистон 5,5 ҳазор т Пашм гирифта шуд. Пашми аз ҳайвонот тарошида ё ҷамъ кардашуда (Пашми гов, асп, ғажгов)-ро Пашми табиӣ ва Пашми аз пӯсти ҳайвоноти кушта гирифташударо Пашми заводи меноманд. Пашм аз мӯй ва тибит иборат аст.

Хосиятҳои физикии Пашм ниҳоянд: маҳинӣ, печонӣ, дарозӣ, мустаҳкамӣ, кашишхӯрӣ, чандирӣ, дуруштӣ, плас­тикӣ, эластикӣ, ранг, ҷилонокӣ ва ғайра. Мувофиқи шкалаи советӣ маҳинии Пашми холис ба 13 гурӯҳ ҷудо меша­вад: аз 32 (маҳинии миёна 55,1—67) то 80 (14,5—18,0) мкм. Пашми гӯсфандҳои зоти дарозпашми сергӯшт (гӯс­фанди линколнӣ ва ғайра) ва баъзе зотҳои гӯсфанди дуруштпашм (гӯсфанди карпатӣ ва ғайра) аз ҳама дароз (то зиёда 40 см) ва Пашми гӯсфандони зотҳои маҳинпашму дуруштпашм (гӯсфанди ҳисорӣ ва ғайра) аз ҳама кӯтоҳ (4—7 см) мебошад.

Ранги Пашм ба миқдори меланин вобаста аст. Ранги Пашм асосан сафед, сиёҳ ва малла мешавад. Пашми сафед беҳтарин, ба он ранги дилхоҳ додан мумкин аст. Махсусан Пашми гӯсфанди зотӣ линколнӣ, бузи зоти ангорӣ ҷилодор аст.  Қимати Пашм то андозае ба ҷилодории он вобаста аст, зеро маҳз ҷилодории Пашм ба намуди маҳсулот таъсир мерасонад.

Пашм аз рӯи маҷмӯи хосиятҳое, ки ба ҳар як намуди он хос аст, истифода бурда мешавад. Пашми маҳини холис аз нахҳои тибитии маханикиашон миёна (18—23 мкм) ё маҳин, Пашми ниммаҳини холис аз нахҳои дуруштӣ тибитӣ (маҳинии миёнааш то 25 мкм) иборат аст. Пашми нимдурушти омехта аз нахи тибитӣ ва миқдори ками мӯи қилмонанди ма­ҳин ва ғайра иборат аст. Пашми дуруштӣ омехта аз нахи тибитӣ, мӯи қилсонанд ва ғайра иборат буда, баъзан мӯи хушк ва мурда дорад. Пашми г ӯ с ф а н д р о барои истеҳсоли матоъҳои гуногун, трикотаж, қолин, молҳои намадии истифода мебаранд.

Пашми буз асосан омехта аст. Бештар тибити онро барои тайёр кардани маснуоти ҷулоҳӣ истифода ме­баранд. Бузҳои ангорӣ ва зоти бузи серпашми советӣ Пашми холиси ниммаҳини серҷило дорад.

Пашмии шутур оскехта аст. Рангаш аз сафед то каҳвагии баланд. Мустаҳкам, чандир ва пурҷилост. Барои тайёр кардани бобрики (як хел моҳути пашмдор) баландсифат, болопӯш, руймолҳои шоли ғафс, трико­таж ба кор бурда мешавад.

Пашми ғ а ж г о в омехта буда, дар истеҳсоли моҳут истифода мешавад. Пашми харгӯш ва заргуш, ки хусусиятя хуби маҳинӣ ва эластикӣ дорад, барои истеҳсоли фетр ашёи хоми пурқимат мебошад. Аз тибити харгӯшҳои зоти тибитпашм трико­таж ва фетр тайёр мекунанд. Пашми а с п ашёи хоми пастсифат буда, барои истеҳсоли намадҳои дурушт ба кор меравад. П.ашми г о в р о асосан дар саноати намадмолӣ ба кор мебаранд. Пашми г а в а з н ба миқдори зиёд мӯи мурда дорад, дар истеҳсоли айн, бистар, мебел ва ҳамчун мате­риали изолятсионӣ истифода мешавад. Аз Пашми баъзе зотҳои саг низ ашёи пашмина мебофанд.

Ад.: Александер П., Хадсон Р. Г., Физика и химия шерсти. М., 1958; Гусев В. Е., Сырье и первичная обра­ботка шерсти. М., 1960; Повышение шер­стной продуктивности овец, М., 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …