Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пашино Пётр Иванович

Пашино Пётр Иванович

Пашино Пётр Иванович (5. 2. 1836—3. 9. 1891, Петербург), шарқшинос, журналист ва сайёҳи рус. Соли 1852 гимназияи Қазон, 1856 шуъбаи шарқшиносии Университети Петербургро хатм намудааст. Пашино дар Петербург бо Н. А. Добролюбов шинос шуда, тахаллуси адабии «П. А. Шино»-ро гирифтааст. Баъди хатми университет дар ҳудуди Булғорияи Волга (губернияи Қазон) ҳафриёти археологӣ гузаронидааст. Соли 1857 Пашино ба департаменти Осиёи ВКХ ба кор дохил шуд ва баробари ин дар нашри журнали «Современник» бо Н. А. Добролюбов ҳамкорӣ намуд. Соли 1861 Пашино ба сифати котиби дуюми сафорат ба Эрон фиристода шуд. Феврали 1866 ҳамчун тарҷумон ба Осиёи Миёна омад.

Пашино дар Тошкент ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна иқтисодиёт, сарватҳои табиии кишвар ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ, аз чумла тоҷикон, ӯзбекҳо ва қазоқҳоро омӯхт. Дар натиҷаи шиносии ӯ бо аҳолии маҳаллӣ ва хайрхоҳияш нисбат ба бенавоёни Осиёи Миёна 24 июни 1866 ҳукуматдорон ӯро аз Тошкент бадарға карданд. Пашино барои Ҷамъияти географии рус «Қайдҳо доир ба қувваҳои истеҳсолкунандаи вилояти Туркистон»-ро тартиб дод. Солҳои 1869—70 Пашино бори дуюм ҳамчун тарҷумони забонҳои форсию тоҷи­кӣ ба Осиёи Миёна омад. Августи 1869 ӯ бо Аҳмади Дониш шинос шуд. Пашино минбаъд дар Петербург зиндагӣ кардааст.

Соли 1872 ба нашри журнали «Ази­атский вестник» («Ахбори Осиё») cap кард, вале ҳукуматдорон ҳанӯз аз шумораи якум нашри онро манъ карданд. Пашино ду маротиба ба Ҳиндустон (1873—74 ва 1874—75) ва дигар мамлакатҳо (1875—76) сафар кардааст. Тадқиқоти Пашино ба масъалаҳои таъриху маданият, хоҷагин қишлоқ, сарватҳои табиӣ, тарзи зиндагии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон зид аст. Маълумотҳои гирдовардаю нашркардаи Пашино барои тадқиқ намудани таъриху маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар давраи ба Россия ҳамрод шудани ин кишвар аҳамияти калон дорад.

Асос: О фабричной и торговой деятель­ности в Туркестанской области (извле­чение на «Записки о производительных силах Туркестанской области»). Язв. Русского Географического Общества, СПб., 1867. т. ш, № 4; Туркестанский край в 1866 году, путевые заметки, СПб., 1860.

Адабиёт: Г н е в у ш е в а Е. И., Забытый путешественник. Жизнь и путешествие П. И. Пашино, Москва, 1958. А. Кодиров.

баромадаст. Дар ҳудуди нимҷазираи Манқишлоқ конҳои нефту газ мавҷуданд.

Релефи П. Т. бештар аз пастиҳои аккумулятивӣ, ҳамвориҳо ва пуштакӯҳҳо (Устюрт, Красноводск ва ғайра) иборат аст. Ҳамин Қарогиё (Ботур, аз сатҳи баҳр 132 м паст) дар нимҷазираи Манқишлоқ воқеъ гаштааст, ки он нуқтаи аз ҳама пасттарини П. Т. ба шумор меравад. Нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Оқтоғ аст (888 м, дар массиви Томдитоғ).

Иқлими П. Т. ниҳоят континентӣ, биёбонӣ, иқлими қисми ҷанубиаш субтропикӣ. Хокаш—бӯри хокистарӣ, дар Шимолӣ— камкарбонат, дар Ҷануб карбонатдори муқаррарӣ. Хоки ҳамвориҳои наздикӯҳии ҷануби П. Т. хокистарранг аст. Дар ҳамвории П. Т. асосан растаниҳои биёбонӣ мерӯянд. Дар қисми шимолӣ П. Т. биёбонҳои регу гилдор, санглох ва дар қисми ҷанубиаш биёбонҳои лёссу регу гилдор, санглох, тақирхо ва  биёбонҳои шӯрхок воқеъ гаштаанд. Дар биёбонҳои Қароқум, Қизилкум ва ғайра чарогоҳҳои мавсимӣ маҷуданд. Заминҳои кишт бо роҳи сунъӣ обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …