Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пашенная Вера Николаевна

Пашенная Вера Николаевна

Пашенная Вера Николаевна (19. 9. 1887, Москва —28. 10. 1962, ҳамон ҷо), актрисаи советии рус. Артисти Халқии СССР (1937). Аъзои КПСС аз соли 1954. Баъди хатми Омӯзишгоҳи театрии Москва (1907) дар Театри Хурд кор карда, дар песаҳои маишӣ ва мазҳакавӣ, ки ба ҳаёти халқи рус бахшида шуда­анд, бисёр нақшҳои олӣ офарид.

Ролҳои беҳтаринаш: Мурзавецкая, Кабаниха («Гургон ва гӯсфандон», «Раъду барқ-и А. Островский), Лю­бовь Яровая, Поля Семёнова («Лю­бовь Яровая», «Дар соҳили Нева»-и К. А. Тренёв), Васса Железнова («Васса Желеэнова»-н М. Горький), Ирина («Шоҳ Фёдор Иваннович»-и А. К. Толстой) ва дигар. Аз соли 1914 дар студияи Театри Хурд, аз соли 1945 дар Омӯзишгоҳи театрии ба номи М. С. Щепкин (аз соли 1941 профессор) дарс дод. Лауреати Мукофоти давлатин СССР (1943) ва Мукофоти ленинӣ (1961). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …