Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пашенко Леонид Никитич

Пашенко Леонид Никитич

Пашенко Леонид Никитич (таваллудаш 20. 2. 1936, ш. Тираспол, РСС Молд.), шоири советии рус. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар аввали Ҷанги Бузурги Ва­танӣ (1941—1945) ба Тошкент омад. Институти давлатии педагогии шаҳри Тошкентро хатм намуд (1959). Солҳои гуногун дар газетаю журналҳои Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон кор кард. Аз соли 1970 котиби масъули журнали «Памир».

Муаллифи маҷмӯаи ашъори «Мамлакати паррандаи кабуд» (1971), по­вести ҳуҷҷатии «Китоби дашт» (1974, дар мавзӯи аз худ намудани заминҳои навкорам), маҷмӯаи достону балладаҳои «Майд о н и Путовский» (1078), «Суханҳои оддӣ» (1983), китоби очеркҳои  «Дар домони офтоб» (бо ҳамроҳии М. Муллоҷонов. Киев, 1980). Сенарияи филмҳои ҳуҷҷатии «Замини ман, Ашт», «Противогаз барои марди савора» ва ғайра ба қалами ӯ гааллуқ дорад. Бисёр асарҳои М. Миршакар, Муъмин Қаноат, Лоиқ. Б. Собир, Сорбон, Ш. Ёдгорӣ ва дигаронро ба забони руси тарҷума кардааст. Шеърҳояш ба забонҳои тоҷикӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, Франсавӣ ва по­лякӣ тарҷума шудаанд. Аз соли 1973 узви ИН СССР.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …