Маълумоти охирин

Пашанг

Пашанг яке аз персонажҳои достонҳои ҳамосии мардуми эронинажод, шоҳи Турон, падари Афросиёб. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Пашанг борҳо ёд мешавад, вале қиссаву ривоятҳои ба ӯ марбут оварда нашудаанд. Пашанг ба ҷангҳои зидди шоҳони Эрон — Нузар, Зав, Гаршосп ва дигарон писараш — Афросиёбро мефиристод. Баъди ба тахт нишастани Кайқубод Пашанг ба ӯ номае навишта дар бораи қатъи ҷанг байни Эрону Турон муоҳидаи сулҳ мебандад. Номи писари Афросиёб ва мувофиқи баъзе ривоятҳо номи падари Манучеҳр низ Пашанг будааст.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …