Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пиряхи РАКЗОВ

Пиряхи РАКЗОВ

РАКЗОВ, пиряхест дар Помири Ғарбӣ, дар болооби дарёи Ракзов (ҳавзаи дарёи Язгулом) ва пайвандгоҳи қаторкӯҳҳои Язгулому Академияи Фанҳо.

pityax

Ракзов пиряхи мураккаб буда, аз 11 шоха иборат аст. Масоҳати умумии онҳо 41,2 км2. Тӯли пиряхи асосӣ 17,2 км. Баландии нуқтаи поёнии пирях 3420 м, болои —6250 м. Ба­ландии хатти барф 4400—4900 м. Во­дии пирях баъзан танг ва гоҳо васеъ мешавад. Як қисми забонаи пи­рях бо морена пушида шудааст. Пиряхи Ракзовро аввалин шуда соли 1909 Н. И. Косинейко ва дертар (1915) В. А. Букинич тадқиқ кардаанд. Соли 1928 экснедитмияи АФ СССР нақшаи пиряхро тартиб дод. Солҳои 1948—1950 Ракзов бо ташаббуси факултети географияи Университети давлатии Москва пурра ба харита гирифта шуд. Ю. С. Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …