Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Аргентина

Партияи Коммунистии Аргентина

Партияи Коммунистии Аргентина (ПКА), январи 1918 дар съе­зди намояндагони қаноти чапи Пар­тияи сотсиалистии Аргентина бо номи Партияи интернатсионалии сотси­алистии Аргентина (ПИСА) дар Бу­энос-Айрес барпо гардид. Съезд дар бораи ташкил ёфтани партия Мани­фест қабул кард, устав ва «Деклара­сияи принсипхо»-ро тасдик намуд, хамраъйиро бо Револютсияи Октябр дар Россия изҳор карда, ба болӣшевикони рус табрикнома фиристод. Апрели 1919 Съезди 2-юми Партияи интернатсионалии сотси­алистии Аргентина  барпо гар­дид, ки он дар бораи кандани алоқа аз Интернасионали 2-юм ва ба Ин­тернасионали Коммунистӣ хамроҳ шудан (4920) қарор қабул кард.

Дар съезди фавқулодда декабри 1920 Партияи интернатсионалии сотси­алистии Аргентина Партияи Коммунистии Аргентина (ПКА) номида шуд. Съезди 8-у»ми Партияи Коммунистии Аргентина ПКА («ноябри 1928) хусусияти рево­лютсияи дар пешистодаи Аргентинаро чун револютсияи буржуазӣ-демократии аграрӣ ва зиддиимпериалистӣ муайян намуд, ки барои дуруст ҳал кардани масъалаи иттифоқчиёни пролетариат дар револютсия имконият дод. Солҳои 1920—45 Партияи Коммунистии Аргентина манъ карда шуд. Съезди 11-уми пар­тия (августи 1946) ба зарурати вусъат додани кори эзоҳотии байни оммаҳо, ташкили мубориза барои соҳиб шу­дан ба озодии демократӣ, барон муҳофизати иқтисодиёти миллӣ аз монополияҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка диққати махсус дод. Муборизаи фаъолонаи партия барои ин мақсадҳо боиси афзоиши нуфузи вай ба омма, зиёдшавии шумораи аъзоёни партия гардид.

Ҳукумати Аргентина аз афзоиши минбаъдаи таъсири Партияи Коммунистии Аргентина  тарсида, апрели 1959 фаъолияти партияро манъ кард, газета ва нашриётҳои вайро баст. Съездҳои 12-ум (1963) ва 13-уми партия (1969) дар пинҳонӣ гузаштанд, ки онҳо шиорҳои ташкили муборизаи оммаро баҳри ба даст овар­дани ҳокимият ва ташкил намудани ҳукумати халқӣ — демократӣ ба миён гузаштанд. Августи 1973 Съезди 14- уми Партияи Коммунистии Аргентина барпо гардид. Съезд фаъ- олияти ҳукумати блоки Фронти Хустисиалистии озодшавиро, ки май 1973 ба сари ҳокимият омада буд, дастгирӣ намуд ва нуқсҳои фаъоли­яти онро танқид кард. Съезд ба ягонагии тамоми қувваҳои прогрессивӣ даъват намуд, то ки мамлакат бо роҳи демократӣ тараққӣ кунад. Баъди табаддулоти давлатӣ (марти 1976) фаъолияти Партияи Коммунистии Аргентина  расман қатъ гардид.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Аргентина  дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Аргентина  ҳуҷҷатҳои дар ин маҷ- лисҳо қабулшударо маъқул донист. Партияи Коммунистии Аргентина  дар асоси принсипҳои сентра­лизми демократӣ сохта мешавад. Органи олии партия — съезд дар байни съездҳо ба кори партия Комитети Марказӣ роҳбарӣ мекунад, ки он Комитети иҷроия ва Котиботи сиёсиро интихоб мекунад. Котиби генералӣ — А. Фава. Органи марказӣ — «Нуэстра палабра», органи назариявиаш журнали «Нуэва эра».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …