Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Судон

Партияи Коммунистии Судон

Партияи Коммунистии Судон (ПКС), соли 1946 таъсис ёфта, муддати дароз бо номи «Ҳаракати Судон барои озодии миллӣ» дар пинҳонкорӣ амал мекард. Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Судон ПКС (1956) Программаи партияро («Роҳи Судон ба сӯи пойдоргардонии истиқлолият, демократия ва сулҳ) қабул кард. Партияи Коммунистии Судон ПКС мекӯшид, ки қувваҳои прогрессивии ватанпарвари Судонро дар муборизаи зидди империализм, барои мустаҳкам кардани истиқлоли миллӣ, инкишоф додани револютсияи миллию демократӣ мугтаҳид намояд.

Партияи Коммунистии Судон ПКС соли 1964 ба кори легалӣ гузашт, вале 1965, баъди ба сари ҳокимият омадани қувваҳои реаксионӣ  фаъолияти он манъ карда шуд. Соли 1967 Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Судон ПКС устав ва Программаи нави партияро қабул кард. Баъди сарнагун гаштани режими реаксионӣ (1969) Партияи Коммунистии Судон ПКС аз пинҳонкорӣ баромад, коммунистон ба ҳайати ҳукумат дохил шуданд ва дар муайян кардану пеш гирифтани сиёсати прогрессивин дохилӣ ва берунӣ иштирок карданд. Баъди кӯшиши табаддулоти бебарори давлатӣ (1971) гурӯҳи офисерони чапрӯҳия Партияи Коммунистии Судон ПКС-ро ба дастгирии ин ҳаракат гунаҳкор дониста, ба таъқиби он сар кард, Партияи Коммунистии Судон ПКС маҷбур шуд ба пинҳонкорӣ гузарад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Судон ПКС дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1960, 1969, Москва) иштирок намуданд. Партияи Коммунистии Судон ПКС ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлис-ҳо қабулшударо маъқул донист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …