Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Словакия

Партияи Коммунистии Словакия

Партияи Коммунистии Словакия (ПКС), ташкилоти территориявии Партияи Коммунистии Чехословакия (ПКЧ) буда, дар фаъо-лияти худ қарорҳои съездҳои Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ ва Комитети Марказӣ онро ба роҳбарӣ мегирад. Ташкилотҳои револютсионии марк-систӣ, ки бо таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Словакия ва Украинаи Закарпатия дар заминаи қаноти чапи Партияи сотсиал-демократ ба вуҷуд омада буданд, янв.ӯари 1921 дар Любохна съезд даъват намуданд, ки он дар бораи дар асоси принсипҳои интернатсионализми пролетарӣ ташкил кардани ташкилоти ягонаи партиявӣ ва ба Интернатсионали Коммунистӣ дохил шудаи қарор қабул кард. Маи 1921 дар натиҷаи муттаҳид шудани ташкилотҳои коммунистии чеху словак, Украинаи Закарпатия ва ғайра Партияи ягонаи коммунистии Чехословакия ташкил ёфт.

Ноябри 1921 дар Словакия 4 ташкилоти вилоятии Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ ва аввали соли 1930 роҳбарияти ягонаи умумисловакиии партия дар Братислава таъсис дода шуд. Баъди ҷудо шудани республикаи Чехословакия (1938) ва ташкил ёфтани ба ном Давлати Словакия ташкилотҳои партиявие, ки дар территорияи Словакия, пинҳонӣ амал мекарданд, аз ҳам ҷудо шуда, май 1939 Партияи Коммунистии Словакия ПКС-ро ташкил доданд. Дар солҳои Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ Партияи Коммунистии Словакия ПКС қувваи асосии муборизаи халқи Словакия бар зидди фашистон буд ва ба шӯриши миллии халқи Словакия (1944) роҳбарӣ намуд. Баъди аз фашистони истилогар озод кардани Чехословакия ва  барпо намуданн сохти халқӣ-демократӣ Партияи Коммунистии Словакия ПКС ҳамроҳи Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ барои дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ мубориза бурд, феврали 1948 ба муборизаи меҳнаткашон бар зидди кӯшиши буржуазия, ки табаддулоти контрреволютсионӣ гузаронданӣ буд, роҳбарӣ кард.

Сентябри 1948 Партияи Коммунистии Словакия ПКС бо Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ муттаҳид шуд ва воҳиди территориявии он гардид. Меҳнаткашони Словакия таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Словакия ПКС бо роҳи генералии сохтмони сотсиализм дар мамлакат, ки Съезди 9-уми Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ (1949) муайян карда буд, пеш рафта, муваффақиятҳои калон ба даст оварданд. Дар нимаи дуюми солҳои 60 дар Словакия, чун дар тамоми мамлакат амалиёти қувваҳои рост ва зиддисотсиалистӣ авҷ гирифт ва августи 1968 вазъияти контрреволютсионӣ ба амал омад, ки онро меҳнаткашони Чехословакия бо ёрии интернатсионалии мамлакатҳои сотсиалистӣ бартараф намуданд.

Баъди Пленуми апрели и (1969) Комитети Марказӣ  Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ, ки роҳбарияти нави партияро бо сардории Г. Гусак интихоб кард, Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ дар бобати мустаҳкам намудани сафҳои худ дар асоси принсипҳои марксизм-ленинизм, татбиқи сиёсати миллии ленинӣ, тарбияи халқ-ҳои Республикаи Сотсиалистии Словакия дар рӯҳи интернатсионализми пролетарӣ кори зиёде кард. Партияи Коммунистии Словакия ПКС ҳоло қарорҳои Съезди 15-уми Партияи Коммунистии Чехословакия ПКЧ оид ба сохтмони ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ дар мамлакат бомуваффақият ба амал мебарорад.

Котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Словакия ПКС — Й. Ле-нарт. Органи марказии Партияи Коммунистии Словакия ПКС — газетаи «Правда».

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ

БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ (номаълум), хаттоти форс-тоҷик, яке аз нахустин устодони хатти настаълиқ дар …