Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Сан-Марино

Партияи Коммунистии Сан-Марино

Партияи Коммунистии Сан-Марино (ПКСМ), 7 июли 1941 (аз рӯи маълумотҳои нав) пинҳонӣ таъсис ёфтааст. Феврали 1921 дар Сан-Марино сексияи Партияи Коммунистии Италия ба вуҷуд омад, вале аз сабаби таъкиботи полисия ба зудӣ фаъолияташро қатъ намуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) дар шароити болоравии ҳаракати демократӣ партияи коммунистӣ муваффақияти калон ба даст овард. Соли 1945 бо Партияи сотсиалистӣ (таъсисаш 1903) иттифоқ баста, дар интихоботи парламент иштирок кард ва 19 мандат гирифт, ҳамроҳи Партияи сотсиалистӣ дар парламент аксариятро ташкил дод (аз 60 ҷой 35 ҷой). Солҳои (1945—57) ҳокимияти иҷроия ба коммунистон ва сотсиалистон тааллуқ дошт.

Дар ин солҳо ин ду партия дар мамлакат ислоҳоти аграрӣ гузаронданд, баъзе корхонаҳоро миллӣ гардонданд, ба қонунхо як қатор тағйирот дохил карданд, ки ин ба мустаҳкам гардидани ҳуқуқҳои демократии меҳнаткашон мусоидат намуд. Соли 1957 дар натиҷаи табаддулоти давлатие, ки иттиҳоди Партияи христианӣ-демократӣ (таъсисаш 1948), Партияи сотсиал-демократ (таъсисаш 1955) ва гурӯҳҳои сотсиалистони рост (соли 1957 дар Партияи сотсиалистӣ ҷудоӣ андохта буданд) ба амал овард, партияҳои чап аз кори идораи давлат дур карда шуданд. Партияи коммунистӣ ба опозисия гузашт.

Съезди 8-уми Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ (1973) бо мақ-сади ташкил намудани ҳукумати азнавсозии демократӣ ва пешравӣ ба сӯи сотсиализм сиёсати мустаҳкам намудани ягонагии меҳнаткашон ва табақаҳои миёнаҳоли аҳолиро муайян кард. 10—12 декабри 1976 Съезди 9-уми Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ барпо гашт, ки он масъалаҳои дар роҳи дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ бартараф намудани кризиси иқтисодиро муҳокима намуд.

Ҳайатхҳои вакилони Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ кори ин маҷлисҳои машваратиро маъқул донист.

Мувофиқи устав (соли 1961 қабул шудааст) сохти Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ ба принсипҳои сентрализми демократӣ асос ёфтааст. Органи олии партия — съезд, Дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ, ки он якҷоя бо Комиссияи марказии назорат барои роҳбарии корҳои ҷорӣ роҳбарият ва Котибот интихоб мекувад. Раиси партия — Э. Гасперони, Котиби генералии Партия — У. Барулли. Органи марказии Партияи Коммунистии Сан-Марино ПКСМ — газетаи «Шиптилла».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …