Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Салвадор

Партияи Коммунистии Салвадор

Партияи Коммунистии Салвадор (ПКС), марти 1930 дар Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Салвадор ПКС барпо гардид. Соли 1932 дар шӯриши калонтарини халқии зидди диктатураи  М. Эрнандес Мартинес иштирок намуда, баъди пахш шудани шӯриш ба кори ғайрилегалӣ гузашт. Соли 1944 Партияи Коммунистии Салвадор ПКС яке аз ташкилотчиёни корпартоии умумии зидди режими диктаторӣ буд, ки дар натиҷаи он М. Эрнандес Мартинес истеъфо дод. Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Салвадор ПКС (1946) Устави партияро қабул кард. Съезди 3-юм (1948) Программаи ягонагии миллиро қабул кард, ки ташкил кардани фронти ягонаи хамаи қувваҳои демократӣ талаби асосии он буд.

Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Салвадор ПКС (1964) лоиҳаи программаҳои умумӣ ва аграриро муҳокима намуд ва устави нав қабул кард. Съезди 7-уми Партияи Коммунистии Салвадор ПКС (1979) ҳуҷҷати «Далелҳо ва тезисҳои роҳи генералии партияро қабул карда ба устави партия тағйирот даровард. Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Салвадор ПКС дар Маҷ-лисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок намуданд. Партияи Коммунистии Салвадор ПКС ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Сохти Партияи Коммунистии Салвадор ПКС ба принсипҳои сентрализми демократӣ асос ёфтааст. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо ба фаъолияти партия Комитети Марказӣ, Комиссияи сиёсӣ на Котибот роҳбарӣ мекунад. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Салвадор ПКС — Ш. X. Хандаль. Органи марказии Партияи Коммунистии Салвадор ПКС — Г. « Вордад».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …