Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Реюнон

Партияи Коммунистии Реюнон

Партияи Коммунистии Реюнон (ПКР), соли 1959 дар асоси федератсияи реюнонии Партияи Коммунистии Франсия барпо гардид. Партияи Коммунистии Реюнон ПКР яке аз партияҳои калонтарин ва муташаккиллтарини сиёсии ҷазираи Реюнон мебошад. Съезди муассисони Партияи Коммунистии Реюнон ПКР (17—18 май 1959) тезисхои Партияи Коммунистии Реюнон ПКР — ҳуҷҷчати асосии программавиро тасдиқ кард, ки он роҳи муборизаи халқи реюнонро бар зидди истисмори мустамликавӣ, барои автономияи сиёсӣ дар доираи иттифоқ бо Франсия муайян кард. Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Реюнон ПКР (13-15 августи 1967) муайян кард, ки талаби автономия, даъват кардани Маҷлиси миллӣ ва ташкил кардани ҳукуматеро дар назар дорад, ки ба онҳо ҳуқуқи ҳал намудани масъалаҳои ба аҳолии ҷазира дахлдошта ва ташкил кардани органи махсуси танзими ҳамкории Реюнон ва Франсия дода хоҳад шуд. Партияи Коммунистии Реюнон ПКР дар Съезди 4-ум (27—29 августи 1976) ҳуҷҷати программавии «Барои автономияи демократӣ ва халқиро қабул кард.

Партияи Коммунистии Реюнон ПКР бо иттифоқҳои касаба, ки ба Конференсияи умумии меҳнатии Реюнон, ба Фронти ҷавонони автономия хоҳ, ба Иттифоқҳои занони Реюнон такя мекунад, бо як қатор ташкилотҳои сотсиалистӣ ва католикӣ алоқа дорад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Реюнон ПКР дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Реюнон ПКР ҳуҷҷатҳои дар ин маҷ-лисҳо қабулшударо маъқул донист.

Сохти Партияи Коммунистии Реюнон ПКР ба принсипхои сентрализми демократӣ асос ёфтааст. Органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Реюнон ПКР: Комитети Марказӣ, Бюрои сиёсӣ ва Котиботи партия Котиби генералии Партияи Коммунистии Реюнон ПКР — П. Вержес. Органи марказии Партияи Коммунистии Реюнон ПКР—газетаи ҳафтаинаи «Темуаньяж».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …