Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико

Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико

Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико (ПКП), соли 1934 дар Съезди 1-ум таъсис ёфт. Дар съезд Программаи партия қабул карда шуд, ки он вазифаи инкишоф додани ҳаракати револютсионии коргарӣ ва зиддиимпериалистиро ба миён гузошт. Соли 1946 Съезди фавқулодаи Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ПКП Устави партия ва Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ПКП Программаи нави партияро қабул намуд. Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ПКП барои муттаҳид намудани тамоми кувваҳои демократӣ, ки тарафдори истиқлолияти мамлакат мебошанд, мубориза мебарад.

Ҳайати вакилони Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ПКП дар Маҷлиси машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1969, Москва) иштирок кард. Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ПКП ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлис қабулшударо маъқул донист. Сохти Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ПКП ба принсипҳои сентрализми демократӣ асос ёфтааст. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо—Комитети Марказӣ ва Комиссияи сиёсӣ. Котиби генералӣ— Хуан Б. Перес. Органи марказии Партияи Коммунистии Пуэрто-Рико ПКП газетаи ҳармоҳаи «Пуэбло».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …