Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Полша

Партияи Коммунистии Полша

Партияи Коммунистии Полша (ПКП, то 1925 Партияи коммунистии коргарии Полша, ПККП), 16 декабри 1918 дар Съезди муттаҳидку-нандаи сотсиал-демократияи шоҳии Полшиву Литва ва Партияи сотсиалистии Полша (ПСП) таъсис ёфт. Съезд платформаи сиёсӣ ва манифест «Ба пролетариати Полша», инчунин устави муваққатӣ қабул карда, вазифа гузошт, ки барои диктатураи пролетариат ва ғалабаи сотсиализм мубориза бурда шавад, даъват намуд, ки Советҳои депутатҳои коргарон дар Полша бештар ташкил карда шаванд; бо Россияи Советӣ ҳамраъӣ будани худро изҳор намуда, дар бораи ба Интернатсионали Коммунистӣ ҳамроҳ шудани партия қарор қабул кард, ҳангоми ҷанги Россия Советию Полша, ки соли 1920 Полша сар карда буд, ПККП аз пинҳонкорӣ истода, Давлати Советиро дастгирӣ кард ва муқобили заминҳои Украина ва Белоруссияро забт намудани Полша баромад.

Съезди 2-юми ПККП (1923) дар масъалаи деҳқонон ва масъалаи миллӣ дар мавқеи ленинӣ истод. Дар Съезди 3-юм (1925) принсиҳои ташкилӣ, сохти партия ва нормаҳои ҳаёти партиявӣ муайян карда шуд; партия Партияи Коммунистии Полша ПКП ном гирифт. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Полша ПКП (1927) заминаи дохили ва хориҷии табаддулоти Пилсудскийро таҳлил намуд, вазифаҳои Партияи Коммунистии Полша ПКП-ро дар муборизаи зидди режими «санксионӣ» муайян кард. Соли 1929 рохҳбарияти нави партия бо сардории Ю. Ленский интихоб гардид. Съезди 6-ум (1932) Программаи нави партияро қабул кард. Солҳои 1920—30 Партияи Коммунистии Полша ПКП коргарон ва деҳқононро ба муборизаи зидди режими «санасионӣ» сафарбар карда, корпартоиҳо ва намоишҳои ҳарбии зиёде ташкил намуд. Солҳои 1935—37 Партияи Коммунистии Полша ПКП қарорҳои Конгресси 7-уми Интернатсионалии Коммунистиро ба амал бароварда, ташаббускори мубориза барои ягонагнии амалиёти коммунистон ва сотсиалистон, барои муттаҳидкунии ҳамаи қувваҳои ватандӯст ва демократӣ дар муборизаи умумии зидди фашизм гардид.

Солҳои 1936—38 ҳазорҳо коммунистони поляк дар Испания дар Бригаден интернатсиоиалии ба номи Я. Домбровский ҷагинданд, Аз соли 1923 ба ҳайати Партияи Коммунистии Полша ПКП партиями коммунистин Украинаи Ғарбӣ ва Белоруссияи Ғарбӣ бо ҳуқуқи ташкилотҳои мухтор дохил шуданд. Партияи Коммунистии Полша ПКП дар сейм фраксияи депутатӣ дошт (1921—35). Солҳои 1930 Партияи Коммунистии Полша ПКП кариб 20 ҳазор аъзо дошт. Бисёр коммунистон дар ҳабс буданд. Бо ташаббуси Партияи Коммунистии Полша ПКП дар Полша бисёр газетаҳои лега-лии чап (зиёда аз 300 номгуй) ташкил карда шуд. Органи марказӣ — газетаи ғайрилегалии «Червоны штандар» ва журнали «Новы шпегленд». Соли 1938 бинобар айбҳое, ки ба Партияи Коммунистии Полша ПКП монда шуданд, Комиҷроияи Интернатсионалии Коммунистй (КИИК) дар бораи пароканда кардани Партияи Коммунистии Полша ПКП қарор қабул кард (баъдтар маълум шуд, ки ин айшҳо беасосаяд). Баъди парокандашавии Партияи Коммунистии Полша ПКП, коммунистон фаъолияти худро дар иттифоқҳои касаба ва дигар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ давом доданд.

Сентябри 1939 коммунистон ба муборизаи озодихоҳии халқи Полша ба муқобили истилогарони фашистии немис сардорӣ намуданд. Январи 1942 аъзоёни собиқи Партияи Коммунистии Полша ПКП бо сардории М. Новак, П. Фпндер ва дигар тавшаббускор таъсиси Партияи коргарии Полша гардиданд. Соли 1956 Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Партияи Коммунистки Италия, Партияи Коммунистии Булғория, Партияи Коммунистии Финляндия ва Партияи муттаҳидаи коргарии Полша дар изҳороти якҷояи худ пароканда карда шудани Партияи Коммунистии Полша ПКП-ро (соли 1938) беасос донистанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …