Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Перу

Партияи Коммунистии Перу

Партияи Коммунистии Перу (ПКП), соли 1928 аз тарафи X. К. Мариатеги таъсис дода шуда, то 1930 Партияи сотсиалистии Перу ном дошт. Аз соли 1930 дар пинҳонкорӣ буд. Дар шароити вазнини пинҳонкорӣ Партияи Коммунистии Перу ПКП барои муттаҳид намудани меҳнаткашон кор мебурд. Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъд аз он партия таъсири худро бар омма пурзӯр намуда, ба кори легалӣ муваффақ гардид (1944). Дар Съезда 3-юми партия (1948) Программаи Партияи Коммунистии Перу ПКП қабул карда шуд. Дар давраи диктатураи Одриа (1948—56) партия боз ғайриқонунӣ эълон шуд ва ба таъқибот дучор гардид. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Перу ПКП (1962) Устави партияро қабул намуд ва вазифа гузошт, ки иттифоқи коргарон ва деҳқонон ташкил карда шавад, Соли 1963 партия аз нав дучори таъқибот гардида, зиёда аз 1000 нафар коммунистон, аз чумла X. дель Прадо Чавес ҳабс карда шуданд. Соли 1964 аз Партияи Коммунистии Перу ПКП гурӯҳи ҷудоиандоҳо, ки вазифаҳои роҳбарикунандаи партияро ба даст гирифта, партияро аз ҳаракати байналхалқии коммунистӣ ҷудо карданӣ буданд, хориҷ карда шуданд. Конференсияи 5-уми миллӣ (1966) қарорҳое қабул намуд, ки таъсири Партияи Коммунистии Перу ПКП-ро дар байни меҳнаткашон афзун гардонданд.

Соли 1968 баробари ба сари ҳокимият омадани ҳукумати револютсионии қувваҳои мусаллаҳ Партияи Коммунистии Перу ПКП аз пинҳонкорӣ баромада, иқдомҳои зиддиимпериалистӣ ва зиддиолигархии ҳукуматро дастгирӣ намуд ва оммаро ба иштироки фаъолоне дар дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқдисодӣ са-фарбар намуд. Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Перу ПКП (1973) программаи нави партияро қабул кард ва роҳи сиёсии дастгирии ҳукумати револютсиониро муайян намуд. Соли 1979 Партияи Коммунистии Перу ПКП ҳамроҳи дигар партия ва ташкилотдҳои чап барои барпо кардани фронти васеи қувваҳои демократӣ муборизаро пурзӯр намуд, то ки дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодии дар давраи аввалини просесси револютсионӣ гузаронда шуда бештар вусъат ёбанд.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Перу ПКП дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партиями коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Перу ПКП ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Сохти Партияи Коммунистии Перу ПКП ба принсипҳои сентрализми демократӣ асос ёфтааст. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ, ки Комиссияи сиёсӣ ва Котиботро интихоб мекунад. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Перу ПКП— X. дель Прадо Чавес. Органи марказии Партияи Коммунистии Перу ПКП — газетаи ҳафтаинаи «Унидад».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …