Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Парагвай

Партияи Коммунистии Парагвай

Партияи Коммунистии Парагвай (ПКП), феврали 1928 таъсис ёфт. Фақат солҳои 1936 ва 1946 партия ба таври легалӣ амал кард. Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Парагвай ПКП (1941) Программаи партияро қабул намуд. Соли 1947 коммунистон дар шӯриши зидди диктатураи И. Мориниго фаъолона иштирок карданд. Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Парагвай ПКП (1949) роҳи сиёсии партияро муайян кард, ки он аз ташкили фронти ягонаи қувваҳои демократӣ иборат буд.

Соли 1959 бо ташаббуси Партияи Коммунистии Парагвай ПКП ва иштироки намояндагони партияҳои оппозитсионии асосӣ барои муборизаи зидди диктатураи А. Стресснер (дар сари ҳокимият аз соли 1954) роҳбарияти Фронти ягонаи озодии миллӣ ташкид карда шуд. Дар солҳои минбаъда Партияи Коммунистии Парагвай ПКП ба душвориҳои дохилипартиявӣ дучор гашт. Конференсияи миллӣ (1967) «Дар бораи асосҳои дигаргунсозии партия» дар асоси принсипҳои марксизм-ленинизм ҳуҷҷати дахлдор ва Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Парагвай ПКГТ (1971) Программа, Устав ва Тезисҳои сиёсӣ қабул кард. Конференсияи миллӣ (1974) қайд намуд, ки ҷабҳаи асосии фаъ-олияти коммунистон ба партияи оммавии коргарону деҳқонон табдил додани Партияи Коммунистии Парагвай ПКП мебошад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Парагвай ПКП дар Маҷлисҳои машваратии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партия ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Сохти Партияи Коммунистии Парагвай ПКП ба принсипҳои сентрализми демократӣ асос ёфтааст. Органи олии партия— съезд буда, дар байни съездҳо ба кори партия Комитети Марказӣ роҳбарӣ мекунад, ки он Комиссияи сиесӣ ва Котиботи Комитети Марказиро интихоб менамояд. Котиби якуми Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Парагвай ПКП — А. Майдана. Органи марказии Партияи Коммунистии Парагвай ПКП — газетаи «Аделанте».

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ (1527, Истанбул-1599, ҳамон ҷо), шоири турк. Дар мадрасаи Сулаймонияи Истанбул таҳсил кардааст. …