Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Партияи Коммунистии Норвегия

Партияи Коммунистии Норвегия

Партияи Коммунистии Норвегия (ПКН), ноябри 1923 дар шаҳри Осло баъди пароканда шудани Партияи коргарии Норвегия (таъсисаш 1887; солҳои 1919—1923 ба Интернатсионали Коммунистӣ дохил буд) аз тарафи намояндагони қаноти чапи сотсиал-демократҳо ташкил карда шуд. Партияи Коммунистии Норвегия ПКН аз ибтидои мавҷудияташ манфиатҳои ҳаётии синфи коргарӣ Норвегияро фаъолона муҳофизат менамуд. Солҳои 30 Партияи Коммунистии Норвегия ПКН зери шиори мубориза барои муттаҳид намудани Қувваҳои прогрессивии мамлакат дар шароити қувват гирифтани таҳдиди фашизм ва ҷанг амал мекард. Солҳои 1937—38 Партияи Коммунистии Норвегия ПКН дар маъракаи ҳамраъйи бо Республикаи Испания фаъолона иштирок кард, коммунистони Норвегия дар сафҳои Бригадаҳои Интернатсионалӣ ҷангиданд.

Дар давраи аз тарафи Германияи фашистӣ забт гардидани Норвегия (1940—45) Партияи Коммунистии Норвегия ПКН дар пинҳонкорӣ буд. Баъди озод шудани мамлакат (май 1945) намояндагони Партияи Коммунистии Норвегия ПКН ба ҳайати ҳукумати баъдиҷангии коалитсионии Норвегия (июни 1945) дохил шуданд.

Охири солҳои 40 ва 50 дар вазъияти антикоммунизм ва «ҷанги сард», ин-чунии душвориҳои дохили партия мавқеи Партияи Коммунистии Норвегия ПКН дар мамлакат, таъсири он дар байни омма суст шуд. Партияи коммунистӣ барои манфиатҳои синфии меҳнаткашон бемайлон мубориза мебурд. Дар Норвегия аввалин шуда манъ кардани аслиҳаи атомиро тарафдорӣ намуд.

Соли 1963 Программаи нави Партияи Коммунистии Норвегия ПКН қабул шуд, ки он дар инкишофи партия, ҳаёти идеологӣ ва сиёсии он давраи муҳим гардид.

Съезди 13-уми Партияи Коммунистии Норвегия ПКН (апрели 1971) дар кори муттаҳид намудани қувваҳои партия воқеаи муҳим гардид. Пеш гирифтани сиёсати ягонагии амалиёти қувваҳои чап мавқеи Партияи Коммунистии Норвегия ПКН-ро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ мустаҳкам намуд, таъсири онро дар байни омма ва ташкилотҳои оммавии меҳнаткашон афзун кард. Соли 1973 бо ташаббуси Партияи Коммунистии Норвегия ПКН дар мамлакат Иттифоқи сотсиалистии интихобӣ (ИСИ) ташкил карда шуд, ки ба он ғайр аз Партияи Коммунистии Норвегия ПКН Партняи сотсиалистии халқӣ ва як қатор дигар гурӯҳҳои чапи сиёсӣ дохил гардиданд.

Баъдтар баъзе намояндагони  роҳбарияти Партияи Коммунистии Норвегия ПКН масъалаи ягонагии қувваҳои чапро нодуруст шарҳ дода, ба ҷои Партияи коммунистӣ дар асоси Иттифоқи сотсиалистии интихобӣ ИСИ ташкил намудани партияи нави сиёсиро пешниҳод карданд. Съезди 15-уми Партияи Коммунистии Норвегия ПКН (1975) ба рӯҳияи ликвидаторчигӣ зарба зада, ҳамчун ташкилоти марксистию ленинӣ боқӣ мондани партияро таъкид намуд. Съезди 16-уми Партияи Коммунистии Норвегия ПКН (1978) ду манифест— «Барои сиёсати фаъоли осоиштаи Норвегия» ва «Ягонагии ҳаракати коргарӣ дар муборизаи зидди кризиси капиталистӣ»’ро қабул кард, ки дар онҳо ақидаҳои принсипиалии партия дар соҳаи сиёсати байналхалқӣ ифода ёфтанд.

Партияи Коммунистии Норвегия ПКН сиёсати милитаристии импе-риализми Америка ва доираҳои реаксионии НАТО-ро қатъиян маҳкум менамояд, барои манъ кардани мусаллаҳшавии бошитоб, барои аз НАТО баромадани Норвегия, пеш гирифтани сиёсати сулҳҷӯёна ҷидду ҷаҳд мекунад».

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Норвегия ПКН дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) ва Конференсияи партияҳои коммунистӣ ва коргарии Европа (1976) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Норвегия ПКН ҳуҷҷати ин маҷлисҳо-ро маъқул донист.

Партияи Коммунистии Норвегия ПКН дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта шудааст. Органи олиаш — съезд, ки Правленияи миллӣ (КМ) ва Раиси Партияро интихоб мекунад. Раиси Партияи Коммунистии Норвегия ПКН аз соли 1982 инҷониб  X. Клевен. Органи маркизиаш газетаи «Фрихетен».

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …