Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Нидерланд

Партияи Коммунистии Нидерланд

Партияи Коммунистии Нидерланд (ПКН), 17 ноябри 1918 дар асоси партияи сотсиал демократи Нидерланд таъсис ёфт. Апрели 1919 Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН ба Интернатсионали Коммунистӣ дохил шуд. Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар мубориза баҳри манфиатҳои ҳаётан муҳими меҳнаткашони Голландия фаъолона иштирок намуд, ба муҳофизати Россияи Советӣ баромад. Баъдтар Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН душвориҳои ҷиддиро аз сар гузаронд. Дар Комитети Марказӣ ва дар байни аъзоёни партия ақидаҳои «чапчигӣ» ва оппортунистии рост пайдо шуданд, баъзе роҳбарон сиёсати ҷудоиандозиро пеш мегирифтанд. Шумораи аъзоён ва таъсири Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН кам шуд. Съезди соли 1930, ки бо ёрии Интернатсионали Коммунистӣ гузаронда шуд, оппортунистонро фош, роҳбарияти нави партияро интихоб намуд. Солҳои 30 Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН алоқаро бо омма вусъат дод. Миқдори аъзоёни Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН соли 1940 аз 1100 нафар (соли 1930) то ба 11 ҳазор расид.

Дар давраи Нидерландро истило кардани фашистони немис (май 1940—1945) Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН, ки дар пинҳонкорӣ буд, дар Ҳаракати Муқобилат, дар ташкил намудани корпартоии умумии меҳнаткашони Голландия (феврали 1941) фаъолона иштирок кард.

Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таъсири Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар байни омма афзуд. Соли 1945 Программаи Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН қабул карда шуд. Партия барои ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва демократии меҳнаткашон муборизаро вусъат дод. Дар Съезди 16-уми партия (1952) Программаи нави мубориза барои сохтмони давлати халқию демократӣ қабул карда шуд. Съезди 21-уми Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН (1964) дар бораи «Самти нави сиёсати партия» резолютсия қабул кард, ки дар он муносибати маҳдуди миллӣ нисбат ба вазифаҳои Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН (бар зарари фаъолияти интернатсионалии партия) ифода гардид. Съездҳои 22-юм (1968), 23-юм (1970) ва 24-уми (1972) Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар зери шиори «самти нав»-и сиёсат гузаштанд. Дар ни давра (солҳои 1964—74) Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар маҷлисҳои машваратӣ дар доираи ҳаракати байналхалқии коммунистӣ иштирок накард ва ба партияи бародар ҳуҷум меовард.

Солҳои 1975—77 бисёр нуқтаҳои ин сиёсат аз нав дида баромада шуданд. Съездҳои 25-ум (1975) ва 26-уми Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН (1978) родҳ нави сиёсатро мустаҳкам намуданд. Соли 1977 гуфтушунидҳои ҳайати вакилони Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ва Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН барпо гардиданд, ки онҳо ба мӯътадил шудани муносибати байни ҳар ду партия кӯмак расонданд. Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, Москва) иштирок карданд ва ҳуҷҷатҳои онро маъқул донистанд. Партияи Коммунистии Нидерланд ПКН дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олиаш — съезд, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ, ки он барои роҳбарӣ ба корҳои ҷории партия Президиуми Комитети Марказӣ  интихоб ме-кунад. Раиси Комитети Марказӣ— Э. Изебоуд. Органи марказиаш газетаи «Де Ваархейд», органи назариявиаш журнали Политик эн кюлтюр».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …