Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Мексика

Партияи Коммунистии Мексика

Партияи Коммунистии Мексика (ПКМ), соли 1919 таъсис ёфтааст. Муддати зиёд бар зидди идеологияи майда буржуазии реформизм ва анархо-синдикализм, барои ба тарафи худ ҷалб кардани оммаи халқ мубориза мебурд ва ташкилотчии ҳаракати зиддиимперналистӣ буд. Солҳои 20 дар барпо кардани як қатор ташкилотҳои прогрессивӣ иштирок намуд. Солҳои 1929—35 дар пинҳонкорӣ буд. Солҳои 30—40 як қатор намоишҳои калони оммаи коргару деҳқонро ташкил кард. Солҳои 50 партия муборизаи фраксиониро дар сафҳои худ барҳам дод. Қатъи назар аз вазъияти нимлегалии худ партия аз ҷиҳати ғоявӣ ва ташкилӣ обу тоб ёфт. Съезди 13-ум (1960) ягонагии Партияи Коммунистии Мексика ПКМ-ро дар асоси принсипҳои марксизм-ленинизм барқарор намуд.

Съезди 14-уми Партияи Коммунистии Мексика ПКМ (1963) Программа ва Устави партияро кабул кард. Съезди 16-ум (1973) Программа ва Уставя нав қабул кард, ки онҳо хусусияти просесси револютсиониро дар мамлакат, тактика ва стратегия партияро муайян карданд. Съезди 17-ум (1975) бар хилофи сиёсати пештараи «бойкоти фаъол»-и интихоботи президент ва парламент қарор кард, ки минбаъд дар интихобот иштирок кунад. Съезди 18-ум (1977) дар шароити легалӣ гузашт; съезд роҳи мустаҳкам кардани алоқаҳоро бо дигар ташкилотҳои чап ва мутта-ҳидкунии онҳо дар як блоки ягона ё коалисия, инчунин роҳи иттифоқро бо як кисми партияи ҳукмрон ва аппарати сиёсии давлатӣ пеш гирифт.

Соли 1979 Партияи Коммунистии Мексика ПКМ бо дигар партияҳои чап блок баста, дар интихоботи парламент иштирок кард ва дар палатаи депутатҳо 18 ҷой гирифта, қувваи сиёсии сеюми мамлакат гардид. Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Мексика ПКМ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партия-ҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Мексика ПКМ ҳуҷҷатҳои дар як маҷлисҳо қабул шударо маъқул донист. Партияи Коммунистии Мексика ПКМ дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта шудааст. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо ба кори партия Комитети Марказӣ, Комиссияи иҷроия ва Котиботи Комитети Марказӣ, ки Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Мексика ПКМ интихоб менамояд, роҳбарӣ мекунад. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Мексика ПКМ — А. Мартинес Вердуго. Орган-ҳои чопиаш — газетаи ҳарҳафтаинаи «Опосисьон» ва журнали «Сосиалис-мо».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …