Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Лесото

Партияи Коммунистии Лесото

Партияи Коммунистии Лесото (ПКЛ), 5 май 1962 дар Съезди муассисон, ки Программа ва Устави партияро қабул кард, таъсис ёфт. Дар программа нишон дода мешуд; ки Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ «Партияи коргару деҳқнон буда, мақсадаш барпо кардани Республикаи Сотсиалистии Лесото аст».

Мувофиқи программа Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ вазифаи марказии худро аз он иборат медонад, ки дар давраи револютсияи миллӣ-де-мократӣ фронти васеи тамоми қувваҳои зиддиимпериалистӣ ва ватандӯсти халқ ташкил карда шавад, то ки истиқлоли миллии мустаҳкам, демократияи револютсионии коргару деҳқон барқарор карда, роҳи тараққиёти сотсиалистӣ пеш гирифта шавад. Феврали 1970 Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ манъ карда шуда, Котиби генералӣ Ц. Кона ва Раиси партия Р. Матжп ҳабс гардиданд. Партия фаъолияти худро дар пинҳонкорӣ давом медиҳад. Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ ба амалиёти реаксиоии ҳукумат муқобил мебарояд ва дар баробари ин иқдомҳои прогрессивии онро дар арсаи байналхалқӣ дастгирӣ мекунад.

Ҳайати вакилони Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ дар Маҷлиси машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1969, Москва) иштирок кард. Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлиси машваратӣ қабул шударо маъқул донист, Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ дар мавқеъҳои интериатсионализми пролетарӣ ва дустӣ бо СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиализм устувор аст. Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ дар асоси сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ Конференсияи миллӣ, дар байни конференсияҳо) — Комитети Маразӣ, ки он Бюрои сиёсиро интихоб мекунад. Котиби генералӣ — Кена. Партияи Коммунистии Лесото ПКЛ то манъ шуданаш журнали «Мажаммото»-ро нашр мекард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …