Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Корея

Партияи Коммунистии Корея

Партияи Коммунистии Корея (ПКК), апрели 1925 дар айни бо-лоравии ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ дар Корея, ки зери таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Октябр вусъат ёфт, барпо гардид. Партияи Коммунистии Корея ПКК ба баромадҳои оммавии меҳнаткашон роҳбарӣ мекард. Ҷазодиҳиҳо, инчунин муборизаи муттасили фраксионии дохили партия боиси он гардиданд, ки соли 1928  Партияи Коммунистии Корея ПКК чун қувваи муташаккил барҳам хӯрд. Аммо коммунистон аз пинҳонкори истода, ба муборизаи оммаи халқ барои озодии мамлакат аз зулми мустамликавӣ роҳбарӣ мекарданд. Ибтидои солҳои 30 бо роҳбарии коммунистон ба муқобили истилогарони япон муборизаи мусаллаҳи партизанӣ сар шуд. Баъд аз он ки Корея августи 1945 аз тарафи Армияи Советӣ озод карда шуд, коммунистон ба ҳаракати демократӣ, ки дар мамлакат вусъат ёфта буд, сарвар шуданд ва Партияи коммунистиро аз нав барқарор карданд.

Бо мақсади роҳбарӣ ба ташкилотҳои партиявии Кореяи Шимоли 10 октябри 1945 Бюрои ташкилии  Партияи Коммунистии Корея ПКК таъсис дода шуд. Ин рӯзро минбаъд чун рӯзи ташкилёбии Партияи меҳнатии Корея қайд мекардагӣ шуданд. Соли 1946 бо роҳбарии  Партияи Коммунистии Корея ПКК дар Кореяи Шимолӣ органҳои ҳокимияти  меҳнаткашон — комитетҳои халқӣ ба вуҷуд омаданд, ислоҳоти аграрӣ, милликунонии саноат ва дигар чораҳои демократӣ андешида шуданд. Дар Кореяи Шимолӣ, ки дар он ҷо аз сентябри 1945 қушунҳои ишғолии америкоӣ буданд, коммунистон ба ҳаракати демократии оммаи халқ бар зидди сиёсати ба халқ душманонаи империализми Америка ва реаксияи дохилӣ сардорӣ карданд.

Августи 1946 Партияи коммунистӣ дар асоси принсипҳои идеявӣ ва ташкилии марксизм-ленинизм дар Шимол бо Партияи нави халқӣ (ибтидои соли 1946 таъсис ёфтааст), дар Ҷануб бо Партияи халқӣ ва Партияи нави халқӣ (соли 1945 таъсис ёфтааст) муттаҳид гардид. Дар натиҷаи ин Партияи меҳнатии Кореяи Шимолӣ ва Партияи меҳнатии Кореяи ҷанубӣ барпо шуданд. Июни 1949 Партияи меҳнатии Кореяи Шимолӣ ва Партияи меҳнатии Кореяи Ҷанубӣ муттаҳид шуда, Партияи ягонаи меҳнатии Кореяро ба вуҷуд оварданд. Котиби генералии Комитети Марказии он Ким Ир Сен аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …