Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Канада

Партияи Коммунистии Канада

Партияи Коммунистии Канада (ПКК), 31 май — 1 июни 1921 дар Съезди муассисони партия ҳамчун партияи ғайрилегалӣ таъсис ёфт. Феврали 1922 партияи легалӣ ташкил шуд, ки он номи Партияи коргарии Канада (ПКК)-ро гирифт. Соли 1924 баъди бекор кардани қонуни реаксионие, ки фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои прогрессивии меҳнаткашонро манъ мекард, Партияи Коммунистии Канада (ПКК) номида шуд. Минбаъд фаъолияти партия борҳо манъ карда шуд. Соли 1943 Съезди миллии муассисони коммунистон дар бораи ташкил кардани партияи легалии марксистӣ-ленинӣ қарор қабул кард, ки он Партияи коргарии прогрессивии Канада (ПКПК) ном гирифт.

Съезди 16-уми партия (октябри 1959) қарор кабул кард, ки минбаъд партия Партияи Коммуиистии Канада номида шавад. Партияи Коммуиистии Канада ПКК дар фаъолияти худ программаи«Роҳи сӯи сотсиализм дар Канада»-ро, ки он дар съезди 21-уми партия (ноябри 1971) тасдиқ шуда буд, ба роҳбарӣ мегирад. Программа имконияти дар доираи муассисаҳои таърихан ба вуҷуд омадаи парламента бо роҳи осоишта ба сотсиализм гузаштанро пешбинӣ мекунад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммуиистии Канада ПКК дар кори Мачлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партия хуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист.

Фаъолияти Партияи Коммуиистии Канада ПКК дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Аз соли 1965 инҷониб дар Квебек Партияи коммунистӣ амал мекунад, ки он қисми таркибии Партияи Коммуиистии Канада ПКК мебошад. Органи олии Партияи Коммунистии Канада ПКК — съезд, дар байни съездҳо ба кори партия Комитети Марказӣ роҳбарӣ мекунад. Котиби генералии Партияи Коммуиистии Канада ПКК — У. Каштан. Органи марказиаш — газетаи«Канейдиан трибюн», органи назариявиаш — журнали «Комюнист».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …