Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Кабир

Партияи Коммунистии Кабир

Партияи Коммунистии Кабир  (ПКБК), 31 июл— 1 августи 1920 дар съезди муассисон дар Лондон дар натаҷаи муттаҳид шудани қаноти чапи Партияи сотсиалистии Британия, ташкилотҳои сотсиа­листки Уэлси Ҷанубӣ ва баъзе ташкилотҳои маҳаллии сотсиалистӣ бар­по гардид. Соли 1920 ба Интернатсионали Коммунистӣ дохил шуд. Соли 1921 намояндагони ҳаракати револютсио­нии арбобони фабрика ва заводҳо бо роҳбарии У. Галлахер ба партия ҳамрод шуданд.

Партияи Коммунистии Британияи Кабир  дар ҳаракати «Аз Россияи Советӣ даст кашед», ки дар саросари мамлакат вусъат ёфт, мавқеи калон дошт. Дар охири солҳои 20 Партияи коммунистӣ ба муборизаи мус­таҳкам намудани сафҳои худ, ба му­боризаи зидди унсурони ревизионис­тии  росту чап диққати калон медод. Съезди  1-уми партия (1929) дар вусъат дода ни муборизаи коммунистони Англия барои ягонагии амалиёти синфи коргар мавқеи калон дошт. Г. Поллит Котиби генералии Партияи коммунистӣ интихоб шуд.

Партияи коммунистӣ дар давраи кризиси иқтисодии ҷаҳонӣ (1929— 33) ташкилотчии муқобилати синфи коргар ба ҳучуми буржуазия буд, ки вай бори гарони кризисро бар души коргарон гузоштанӣ буд. Дар ибти­дои солҳои 30 коммунистон «юриши бекорони гурусна»-ро ташкил карданд.

Солҳои 1934—36 бо роҳбарии ком­мунистон бар зидди амалиёти ташкилоти фашистӣ (сардораш Мосли) митинг ва намоишҳои оммавии эътирозӣ гузаронда шуданд. Бештар аз 400 нафар коммунистони англис дар сафҳои Бригадаҳои интернатсионалӣ дар Испания меҷангиданд.

Коммунистон дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) ба қувват додани саъю кӯшиш ҳарбии Британияи Кабир дар ҷанги зидди фа­шизм ва зудтар кушода шудали фронти дуюм дар Европа мекӯши­данд. Муборизаи фидокоронаи ком­мунистони Англия бар зидди фа­шизм боиси афзудани таъсири Пар­тияи Коммунистӣ гардид. Соли 1947 Партияи коммунистӣ плани З-солаи тараққиёти иқтисодиёти Британияро пешниҳод кард, ки дар он барҳам дода шуданд зуроварии монополияҳо, милликунонии дақиқӣ ва азнавсозии техникии муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ тавсия мешуд. Комму­нистон дар Ҳаракати тарафдорони сулҳ фаъолона иштирок карда, бо СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ барқарор кардан ва инкишоф додани муносибатҳои дӯстонаро талаб мекарданд.

Соли 1951 Комиҷроияи Партияи Коммунистии Британияи Кабир   прог- раммаи «Роҳи Британия ба сӯи сотсиализм»-ро қабул кард (соли 1952 Съезди 22-юм маъқул донист).

Дар Программа таъкид мешавад, ки сиёсати берунии Британияи Ка­бир бояд дар асоси принсипҳои сулҳ ва дустӣ 6о тамоми халқҳо  қарор гирад. Программа иттифоқи васеи халқро қувваи асосии дигаргунсозии сотсиалистии ҷамъияти Англия мешуморид. Партияи Коммунистии Британияи Кабир   бе муборизаи мусаллаҳона, бо роҳи ба аслиҳаи иттифоқи ҳамаи меҳнаткашон (бо сардории синфи коргар) табдил додани парламент ба сотсиализм гузаштанро имконпазир медонад. Партияи ком­мунистӣ дар муборизаи зидди монополияҳо ва сиёсати зидди халқии доираҳои ҳукмрони Британияи Кабир ба даст овардани ягонагии қувваҳои чапи мамлакатро, ки қодир аст ба ҳукмронии қаноти рост дар харакати коргарӣ хотима диҳад, яке аз вазифаҳои асосии худ медонад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Британияи Кабир   дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва кор­гарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партия ҳуҷҷатҳои ин маҷлисҳои машваратиро маъқул донист.

Мувофиқи устав (дар Съезди 26- ум қабул шуд) партия дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии партия съезд мебошад, ки он Комитет он­ро иҷро интихоб мекунад. Партияи Коммунистии Британияи Кабир   25,2 ҳазор аъзо (1978) дорад. Котиби генералии партия Г. Макленнан, ра­исаш Р. Халверсон мебошанд. Органи марказиаш — нашрияи ҳафтаинаи «Коммент», органи назариявиаш — «Марксизм тудей».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …