Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Италия

Партияи Коммунистии Италия

Партияи Коммунистии Италия (ПКИ), 21 январи 1921 дар съезди Ливорно аз тарафи гурӯҳҳои чапи револютсионии Партияи сотсиалистии Италия (ПСИ) ташкил карда шуд. То соли 1943 вай, ки сексияи италиявии Интернасионали Коммунистӣ буд. Партияи Коммунистии Италия ном дошт. Дар солҳои аввали мавҷудияти Партияи Коммунистии Италия ПКИ дар он ҷараёни сек­тантчигӣ (сардораш А. Бордяга) бартарӣ дошт. Бо ёрии Интернатсионали Коммунистӣ соли 1923—24ҳхайати роҳбарияти Партияи Коммунистии Италия ПКИ нав карда шуд. Ядрои роҳбарияти нав (А. Грамши. П. Тольятти) доир ба вазифахои Партияи Коммунистии Италия ПКИ мубоҳиса гузаронд, ки он ба бартараф намудани ақидаҳои сектантчи­гӣ мадад расонд. Съезда 3-юми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (1926) тактикаи ба муборизаи зидди фашизм сафарбар намудани меҳнаткашонро пешбарӣ кард.

Дар давраи диктатураи фашистӣ (1926—43) баъди пароканда шудани ҳамаи партияҳои сиёсӣ Партияи Коммунистии Италия ПКИ ягона партияе буд, ки ба ташкилотҳои пинҳонкор такя намуда, фаъолияти зиддифашистиро на фақат дар муҳоҷират, балки дар дохили мамла­кат низ давом медод. Бисёр роҳбарони партия ҷазо дода шуданд. Баъ­ди ҳабс шудани А. Грамши (19261 П. Тольятти роҳбари партия шуд. Партияи Коммунистии Италия ПКИ барои татбиқи роҳи муаёянкардаи Конгресси 7-уми Интернатси­онали Коммунистӣ, ки ба ташкили фронта ягонаи синфи коргар ва дигар меҳнаткашон ба муқобили фашизм ва таҳдиди ҷанг нигаронда шуда буд, фаъолона мубориза мебурд. Сиёсати Партияи Коммунистии Италия ПКИ ба муттаҳид намудани тамоми қувваҳои зиддифашистии Италия ёрӣ расонд. Коммунистон ва сотсиалистон ба ҳайати ҳукумати Бадоло, ки дар территорияи озодшуда соли 1944 таъсис ёфта буд, дохил гардиданд. Пас аз озод шудани Италия (1945)Партияи Коммунистии Италия ПКИ роҳи оммавӣ гардонидани партияро пеш гирифт.

Съезда 5-уми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (декабри 1945 — январи 1946) программам муборизаро барои тачдиди демократӣ (милликунонии монополияи ислоҳоти аграрӣ, вусъат додани. кооперасия, республикаи демократӣ ва ғайра, дар сурати боқӣ мондани ягонагии зиддифашистӣ ва мавқеи рохбаронаи синфи коргар) ба миён гузошт.

Партияи Коммунистии Италия ПКИ якҷоя бо дигар кувваҳои чап ба барқарор гардидани республика дар Италия (1946) муваффақ шуд. Дар баробари ба муваффақиятҳои демократии мехнаткашон ҳуҷум сар кардани буржуазия коммунистон ва сотсиалистон май 1947 аз ҳайати ҳукумат хоиҷ карда шуданд. Съезди 8-уми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (1956) стратегияи муборизаро барои сотсиализм дар Италия кор карда баромад. Дар съездҳои 11-ум (1966) ва 12-уми (1969) Партияи Коммунистии Италия ПКИ шиори ташкил намудани аксарияти демократиро ба миён гузошт. Съезди 15-уми Партияи Коммунистии Италия ПКИ (1979) Устави нави партия ва Программаи пешазинтихобии интихоботи парламенти европоиро кабул кард.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Италия ПКИ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд.

Принсипи ташкилии сохтмони Партияи Коммунистии Италия ПКИ —. сентрализми демократӣ. Органи марказии съезд буда, дар 4 сол як маротиба даъват мешавад. Съезд Комитети Марказӣ, Комиссияи марказии вазорат ва Комиссияи тафтишотро интихоб мекунад. Дар пленуми Комитети Марказӣ ва КМН роҳбарияти партия, Котибот, Котиби генералӣ ва Раиси партия интихоб мешаванд. Органи марказии Партияи Коммунистии Италия ПКИ — газетаи «Унита». Котиби генералӣ—Э. Берлингуар.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …