Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Италия

Партияи Коммунистии Италия

Партияи Коммунистии Италия (ПКИ), 21 январи 1921 дар съезди Ливорно аз тарафи гурӯҳҳои чапи револютсионии Партияи сотсиалистии Италия (ПСИ) ташкил карда шуд. То соли 1943 вай, ки сексияи италиявии Интернатсионали Коммунистӣ буд, Партияи Коммунистии Италия ном дошт. Дар солҳои аввали мавҷудияти Партияи Коммунистии Италия дар он ҷараёни сек­тантчигӣ (сардораш А. Бордига) бартарӣ дошт. Бо ёрии Интернатсио­нали Коммунистӣ соли 1923—24 ҳайати роҳбарияти Партияи Коммунистии Италия нав карда шуд. Ядрои роҳбарияти нав (А. Грамши. П. Толятти) доир ба вазифаҳои Партияи Коммунистии Италия мубоҳиса гузаронд, ки он ба бартараф намудани ақидаҳои сектантчи­гӣ мадад расонд. Съеэди 3-юми Партияи Коммунистии Италия (1926) тактикаи ба муборизаи зидди фашизм сафарбар намудани меҳнат- кашонро пешбарӣ кард.

Дар давраи диктатураи фашистӣ (1926—43) баъди пароканда шудани хҳмаи партияҳои сиёсӣ Партияи Коммунистии Италия ягона партияе буд, ки ба ташкилотҳои пинҳонкор такя намуда, фаъолияти зиддифашистиро на фақат дар муҳоҷират, балки дар дохили мамла­кат низ давом медод. Бисёр роҳбарони партия ҷазо дода шуданд. Баъ­ди ҳабс шудани А. Грамши (1926) П. Толятти роҳбари партия шуд. Партияи Коммунистии Италия  барои татбиқи роҳи муайянкардаи Конгресси 7-уми Интернатсионали Коммунистӣ, ки ба ташкили фронти ягонаи синфи коргар ва дигар меҳнаткашон ба муқобили фашизм ва таҳдиди ҷанг нигаронда шуда буд, фаъолона мубориза мебурд. Сиёсати Партияи Коммунистии Италия ба муттаҳид намудани тамоми қувваҳои зидди фашистии Италия ёрӣ расонд. Коммунистон ва сотсиалистон ба ҳайати ҳукумати Бадоло, ки дар территорияи озодшуда соли 1944 таъсис ёфта буд, дохил гардиданд. Пас аз озод шудани Италия (1945) Партияи Коммунистии Италия роҳи оммавӣ гардонидани партияро пеш гирифт.

Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Италия (декабри 1945 — январи 1946) программаи муборизаро барои таҷдиди демократӣ (милликунонии монополияҳо, ислоҳоти аграрӣ, вусъат додани кооперасия, рес­публикаи демократӣ ва ғайра, дар сурати боқӣ мондани ягонагии зиддифашистӣ ва мавқеи роҳбаронаи синфи коргар) ба миён гузошт.

Партияи Коммунистии Италия якҷоя бо дигар қувваҳои чап ба барқарор гардидани республика дар Италия (1946) муваффақ шуд. Дар баробари ба муваффақиятҳои демократии меҳнаткашон хуҷум сар кардани буржуазия коммунистон ва сотсиалистон май 1947 аз ҳайати ҳукумат хориҷ карда шуданд. Съезди 8-уми Партияи Коммунистии Италия (1956) стратегияи мубо­ризаро барои сотсиализм дар Италия кор карда баромад. Дар съездҳои 11-ум (1966) ва 12-уми (1969) Партияи Коммунистии Италия шиори ташкил намудани аксарияти демократиро ба миён гузошт. Съез­ди 15-уми Партияи Коммунистии Италия (1979) Устави нави партия ва Программаи пешазинтихобии интихоботи парламенти европоиро қабул кард.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Италия дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд.

Принсипи ташкилии сохтмони Партияи Коммунистии Италия сентрализми демократӣ. Органи олии Партияи Коммунистии Италия съезд буда, дар 4 сол як маротаба даъват мешавад. Съезд Комитети Марказӣ Комиссияи марказии вазорат ва Комиссияи тафтишотро интихоб ме­кунад. Дар пленуми Комитети Марказӣ ва КМН рохбарияти партия, Котибот, Коти- би генералй ва Ра ней партия инти­хоб мешаванд. Органи марказии Партияи Коммунистии Италия ПКИ — газетаи «Унита>>. Котиби генера­лӣ— Э. Берл Ингузр, баланси бухгалтерӣ, ки манбаи ташаккули маблағҳои корхонаю муас- сисаҳои сотсиалистиро аз рӯи таркиби онҳо, таъиноти мақсаднок ва ҷо- баҷогузорӣ тавсиф менамояд. Пассив аз 5 фасли асосӣ иборат аст. Пассиви фасли «А» — манбаи воситаҳои худӣ ва во­ситаҳои ба он баробар; фасли «Б»— кредитной банкии таҳти воситаҳои гардони ба норма гирифташуда; фасли «В» — кредитҳои гуногуни банк, ҳисобукитоб ва дигар Пассивҳо; фасли «Г” — манбаи воситаҳо барои сохтмони асосӣ; фасли «Д» — маблағ барои таҷдиди чорвои умумӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …