Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Испания

Партияи Коммунистии Испания

Партияи Коммунистии Испания (ПКИ), 15 апрели 1920 дар шароити болоравии ҳаракати револютсионӣ (дар зери таъсири Револютсияи Октябр) аз тарафи Ассамблеяи миллии Федерасияи ҷавонони сотсиалистии  Испания таҳти унвони Партияи Коммунистии  Испания барпо карда шуд. Баъди таъсис ба Интернасионали Коммунистӣ ҳамроҳ шуд. Ташкили Партияи Коммунистии Испания ПКИ ҷудошавиро дар сафи Партияи сотсиалистии коргарии Ис­пания (ПСКИ) тезонид. Апрели 1921 вакилони чапи Съезди фавқулодаи Партияи сотсиалистии коргарии Ис­пания ПСКИ таъсиси Партияи Коммунистии  коргарии Испания (ПККИ) -ро эълон намуданд. Ноябри 1921 дар Мад­рид дар конференсияи ҳар ду пар­тияи коммунистӣ партияи  ягона — Партияи Коммунистии  Испания ПКИ барпо карда шуд. Марти 1922 Съезди 1-уми партия чамъ омад, ки он сиёсати фронти ягонаро бо меҳнаткашон — аъзоёни Иттифоқи умумии  меҳнаткашон (ИУМ) ва анархистон маъқул донист.

Баъди он ки сентябри 1923 дар мамлакат диктатураи ҳарбии генерал Примо де Риваро барқарор гардид. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ маҷбур шуд ба пинҳонкорӣ гузарад. Дар вазъияти нави баъди сарнагуншавии монархия (14 апрели 1931), ки ба Револютсияи солҳои 1931—39 ибтидо гузошт дар назди партияи нав аз (пинҳонкорӣ баромада вазифаи зидди мубориза бо сектантчигӣ меистод. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ бо рохбарии Хосе Диас (солҳои 1932—42 котиби генералки Партияи Коммунистии  Испания ПКИ), Долорес Ибаррури ва дигар, ки дар Съезди 4-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ба ҳайати Комитети Марказӣ интихоб гардиданд, дере нагузашта ба яке аз қувваҳои бонуфузи сиёсии мамлакат табдил ёфт.

Партияи Коммунистии  Испания ПКИ таклиф кард, ки фронти васеи зиддифашистӣ ба вуҷуд оварда шавад. Январи 1936 бо ташаббуси Партияи Коммунистии  Испания ПКИ пар­тияҳои коммунистӣ, сотсиалитсӣ ва республикавӣ Фронта халқӣ ташкил намуданд, ки он дар интихоботи пар­ламент 16 феврали 1936 бар блоки пар­тиявии монархистӣ ва клерикалӣ— фашистӣ ғалаба кард. Дар давраи Ҷанги миллию револютсионии солҳои 1936—39 Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ташкилотчии асосии зарбаи халқи испан ба исёни ҳарбию фашистӣ буд. Дар давраи Ҷанги миллию револютсиони шумораи аъзоёни Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ба 300 ҳазор расид. Баъди мағлубияти республика (марти 1939) ва дар Испания барқарор гардидани диктатураи Франко Партияи Коммунистии  Испания ПКИ дар шароити душвори пинҳонкорӣ ва ҷазодиҳиҳои бераҳмона сафи худро аз нав сохт.

Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) Партияи Коммунистии  Испания ПКИ кӯшиш намуд, ки Испания аз тарафм Германия ба ҷанг дохил нашавад ва ба вусъати ҳаракати партизанӣ дар мамлакат мадад расонд. Баъди тамом шудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ба кор карда баромадани тактикаи нав шурӯъ намуд, ки он дар шароити нави сиёсӣ ба ҳам пайвастани шаклҳои муборизаи легалӣ ва ғайрилегалиро пешбинӣ мекард. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ аз муборизаи партизанӣ, чун шакли муборизаи ба вазъияти нав номувофиқ даст кашида, ба баромадҳои калони оммавӣ, ки бар зидди диктатураи фран­кистӣ барои ба даст овардани истиқлолияти ҳақиқии миллӣ  на барҳам задани базаҳои америкоӣ дар территорияи Испания нигиронида шуда буданд, роҳбарӣ кард. Ноябри 1954 Съезди 3-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ҷамъ омад, ки он «Про­граммаи Партияи Коммунистии Ис­пания дар мубориза барои истиқлолият ва демократикунонии Испания, барои қатъиян беҳтар намудани ша­роити зиндагии халқи испанро қабул кард.

Дар Программам нави Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ду давраи револютсияи Испания—де­мократӣ ва сотсиалистӣ нишон дода шудааст, инчунин таъкид карда шудааст, ки Партияи Коммунистии  Испания ПКИ нест кардани диктатураи Франко ва тоза кардани роҳи тарақкиёти демократии мамлакатро вазифаи аввалини худ меҳисобад. Съезди 6-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ (янв. 1960) ба тарафдорни ҳуқуқи халқҳои Ката­лония, Мамлакати Баскҳо ва Галисия ба автономияи миллӣ фикр баён кард ва озодии вичдон, дину оин ва аз давлат ҷудо кардани калисоро талаб кард. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ дар ташкили шаклҳои гуногуни ҳаракати зиддифранкистӣ (корпартиҳо, намоишҳо ва ғайра) фаъолона иштирок намуда, револютсияи осоиштаи демократиро тарафдорӣ ме­кард ва дар баробари он роҳи ғайри осоиштаро низ (дар сурати зарурӣ) инкор намекард.

Баъди марги Франко (ноябри 1975) мамлакат ба давраи озодшавӣ аз боқимондаҳои фашистӣ дохил шуд. Апрели 1978 дар Мадрид Съезди 9-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ барпо гардид, км он аввалин съезди легалӣ (аз 1932) дар Испа­ния буд. Съезд Устави нави партияро қабул намуд; органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии  Испания ПКИ-ро интихоб кард. Дар ҳучҷатҳои съезд Партияи Коммунистии  Испания ПКИ «партияи марксистӣ, револютсионӣ ва демок­ратӣ эълон карда шуд. Мувофиқи Устави нав Партияи Коммунистии  Испания ПКИ -аз рӯи принсипи сентрализми демократӣ сохта мешавад.

Органи олии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — съезди пар­тия, дар фосилаи байни съездҳо — Комитети Марказӣ, ки аз ҳайати он Комитети иҷ- роия, Комиссияи доимӣ ва Котибот интихоб мегардад. Ҳайати вакилони Партияи Коммунистии  Испания ПКИ дар ҳамаи съездҳои баъди ҷан­гии КПСС, Маҷлисҳои байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарии солҳои 1957, 1960, 1969 иштирок кар­данд. Раиси Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — Д. Ибаррури, котиби генералии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ—X Иглесмас. Органи марказии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — «Муидо Обреро», органи назарнявии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — журнали«Нуастра баядера».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …