Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Ироқ

Партияи Коммунистии Ироқ

Партияи Коммунистии Ироқ  (ПКИ), 31 марти 1934 барпо гардид. Съездп 1-уми Партияи Коммунистии Ироқ  ПКИ (1945) Програм­ма ва Устави партияро қабул ва Комитети Марказӣ интихоб кард Ҳукуматдорони Ироқ Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ-ро таъқиб карда, Котиби гелералии Комитети Марказӣ Юсуф Салмон Юсуф (Фарход)-ро сои 1949 ба қатл расонданд. Конференсиям 2-юми Партияи Коммунистии Ироқ  ПКИ (1956) «Роҳи сиёсии партия дар мубориза барои озодии миллӣ»— ном ҳуҷҷатро қабул кард, ҳайати нави Комитети Марказӣ партияро бо сардории Салом Одил (ар-Родӣ) интихоб намуд.

Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ ташаббускори барпо кардани Фронти ягонагии -миллӣ (1957) буд ва дар ҳайати он дар револютсияи соли 1958 иштирок намуд. Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ баъди револютсия ба қувваи бузурги сиёсӣ табдил ёфта, то соли 1960 ба таври легалӣ амал мекард. Пас аз табаддулоти давлатии соли 1963 Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ ба таъқиботҳои нав дучор гашт, як қатор роҳбарони он, аз ҷумла Салом Одил кушта шуданд. Августи 1964 ҳайати нави Комитети Марказӣ бо сардо­рии Азиз Муҳаммад интихоб гардид. Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ баробари ба сари ҳокимияти Ироқ омадани партияи Баас (1968) ба фаъолияти легалӣ имконият ёфт ва ду нафар намояндагони вай ба ҳайати ҳукумат дохил гардиданд (1972).

Дар байни Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ ва Баас соли 1973 оид ба принсипҳои ҳамкорӣ дар Фронти миллию ватандӯстонаи прогрессивӣ (ФМВП) шартнома имзо шуд, дар бораи программаи Фронти миллию ватандӯстонаи прогрессивӣ ФМВП— Хартияи амалиёти миллӣ мувофиқат пайдо гардид. Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ (1976) Программаи нави партияро қабул кард, ки он ба мустаҳкам кар­дан ва инкишоф дода шудани просесси револютсионӣ дар Ироқ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо дигар қувваҳои ватанпарвар дар доираи  Фронти миллию ватандӯстонаи прогрессивӣ ФМВП равона шуда буд.

Ҳайатҳои  вакилони Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, | 1969, Mосква) иштирок доштанд.  Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ироқ ПКИ Азиз Мудаммад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …