Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Ирландия

Партияи Коммунистии Ирландия

Партияи Коммунистии Ирландия (ПКИ), июни 1933 дар Съезди муассисони Дублин ҳамчун партияи ягонаи умумпирландие таъсис ёфт, ки коммунистони Шимол ва Ҷануби Ирландияро муттаҳид кард. Дере нагузашта ба Интернасионали Коммунистӣ дохил шуд. Соли 1940 фаъолияти Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар қисми ҷануби мамла­кат қать гардид. Ташкилотҳои партиявии Ирландияи Шимолӣ ба худ номи Партияи Коммунистии Ирлан­дияи Шимолӣ (ПКИШ)-ро гирифтанд. Дар республикаи Ирландия Партияи коммунистӣ соли 1948 бо но­ми Лигаи коргарии Ирландия (аз соли 1962 Партияи коргарии Ирландия) барқаpop карда шуд.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Ирлан­дияи Шимолӣ ПКИШ ва Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунис­тӣ ва коргарӣ (1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партия ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабул шударо маъқул донист.

Съезди фавқулодаи муттаҳидкунандаи Партияи Коммунистии Ирлан­дияи Шимолӣ ПКИШ ва Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар Белфаст (марти 1970) дар бора и бар да pop кардана Партиям ягонаи коммунис­ток Ирландия дарор кард. Дар ма­нифеста Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ, ки дар съезд, қабул шуд, «барпо кардани Ирландияи нав яъне мамлакати озод, муттаҳид, сотсиалистӣ» мақсади асосӣ эъ­лон шудааст.

Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ дар асоси принсипҳои сент- рализми демократӣ сохта шудааст. Партия аз ҷиҳати ташкилӣ ба ташкилотҳои Шимолӣ (Ирландияи Ши­молӣ) ва Ҷанубӣ (Республикаи Ир­ландия) тақсим меша над. Органи олии Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ — съезд дар байни съеаздҳо ба кори партия Комиҷроияи мил­лӣ роҳбарӣ мекунад. Раиси Комиҷ- роияи миллии Партияи Коммунистии Ирландия ПКИ — Э. Барр, Ко­тиби генералӣ — М. О’Риордан. Органҳои чопӣ — нашрияҳои ҳафтаинаи «Айриш Уоркерс войс», «Айриш сошиалист», журнали «Айриш сошиалист ревью».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …