Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Индонезия

Партияи Коммунистии Индонезия

Партияи Коммунистии Индонезия (ПКИ) соли 1920 ташкил ёфт. Коммунистони Индонезия дар муборизаи миллии озодихоҳии халқи худ зидди мустамликадорони Голландия ва истилогарони Япон (1942—45) фаъолона иштирок кар­данд. Баъди эълон кардани истиқлолияти мамлакат (1945) Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ бар зидди дахолати империалистӣ, фитнаҳои реаксияи дохилӣ барои манфиатҳои меҳнаткашони Индонезия устуворона мубориза бурд. Дар ҳуҷҷатҳои программавии Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ қайд шуда буд, ки партия вазифаи асосиро дар он (мебинад, ки револютсияи миллии демократиро дар Индонезия дар асоси иттифоқи синфи коргару деҳқон ва роҳбарии синфи коргар ба анҷом расонад.

Тавассути ин суботкорӣ Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ дар миқёси мамлакат қувваи сиёсии бонуфузе гардид. Вале дар натиҷаи ба рохбарияти Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ ворид шу­дани акида ва таълимотҳои оппортунистии  маоистӣ, дар миёнаи солҳои 60 Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ ҳеле суст шуд. Тирамоҳи 1965 роҳбарияти Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ баромади гурӯҳи офисерони армияро бо мақсади пешгирӣ кардани табаддулоти дав­латӣ, ки табақаи болои ҳарбиёни рост ба амал овардани буд, дастгирӣ намуд. Қувваҳои рост аз шикасти ин гурӯҳ нетифода карда, ба зид­ди Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ ва тарафдорони он маъракаи ҷазодиҳиро вусъат доданд. Мар­ти 1966 Партияи Коммунистии Индонезия ПКИ расман ғайриқонунӣ эълон шуд. Тақрибан нимаи миллион коммунистон кушта, шуда, камаш 500 ҳазор нафар ба ҳабсхонаҳо партофта шу­данд.

Коммунистони Индонезия муборизаро дар пинҳонкорӣ давом дода. са- бабҳои шикасти партияро таҳлил намуданд. Онҳо хатоҳои оппортунистии унсурони маоистии рохбарияти собиқро ба таври принсипиалӣ тан­қид карданд. Дар ҳуҷҷатҳои программавии партия як қатор талабҳои умумидемократӣ пешбинӣ шудааст, ки онҳо аз демонратикунонии ҳаёти сиёсӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти меҳнаткашон, назорати баҳрабахш аз болои капитали хориҷӣ, муҳофизати корхонаҳои миллӣ, гузаронидани сиёсати берунни зид­диимпериалистии фаъол ва мустақил иборатанд. Партияи коммунистӣ ба барпо кардани Фронти ягонагии миллии ҳамаи қувваҳои ватандӯст даъват мекунад, то ки ин талабхо иҷро шаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …