Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Гондурас

Партияи Коммунистии Гондурас

Партияи Коммунистии Гондурас (ПКГ), соли 1927 дар асоси гу- рӯҳҳои марксистон, ки дар мамлакат вуҷуд доштанд, ташкил карда шуд. Дар ибтидои солҳои 30-юм ба сабаби ҷазодиҳии ҳукумат барҳам хӯрд. Апрели 1954 дар Конференсияи 1-уми миллии марксистони Гондурас аз нав таъсис дода шуд. Конференсия Ус­тави; партияро қабул кард, Комитети Марказиро интихоб намуд ва дар бораи нашри газета қарор баровард. Партия аз вақти барпо шуданаш ин ҷониб дар пинҳонкорӣ мебошад.

Май 1954 Партияи Коммунистии Германия ПКГ дар таърихи мамлакат калонтарин корпартоии меҳнаткашонро ташкил намуд, ки дар натиҷаи он меҳнаткашон ҳуқуқи ташкил кардани иттифоқҳои касаба ва як қатор гузаштҳои иқтисодӣ ба даст оварданд, ҳукуматро маҷбур карданд, ки қо- нунҳои меҳнат қабул кунад. Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (июли 1958) маърӯзаи Комитети Марказиро дар бораи вазъияти дохилӣ ва байналхалқӣ муҳокима кард ва маъқул донист. Устави партияро тасдиқ намуд ва ба халқ муроҷиатномаи «Барои Гоидураси озод, соҳибихтиёр ва мустақил»-ро қабул кард, ки дар он программаи фаъолияти Партияи Коммунистии Германия ПКГ баён шуда буд. Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (августи 1972) тезисҳои сиёсиро маъқул донист, Программаи нав ва Устави партияро қабул кард. Съезд вазъияти иқтисодӣ ва сиёсии Гондурасро таҳлил карда, вазифаҳои на­ви муборизаи зидди ҳукмронии им­периализми Америка, доираҳои ре­аксионии буржуазия ва помещикон, вазифаҳои муборизаро барои револютсияи зиддиимпериалистӣ, аграрӣ, демократӣ муайян намуд.

Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (май 1977) масъалаҳои мубориза барои ба даст овардани ягонагии ҳамаи қувваҳои демократӣ, ватандӯстӣ ва зиддиимпериалистӣ, мустаҳнам кардани де­мократия ва истиқлоли миллии Гондурасро муҳокима намуд; даъват намуд, ки дар роҳи дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ фронти васеъ барпо карда шавад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Германия ПКГ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, I960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Германия ПКГ ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳоо қабулшударо маъқул донист.

Партияи Коммунистии Германия ПКГ дар асоси принсипҳои сент­рализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Германия ПКГ — Р. Падилья Руш. Органи марказиаш газетаи «Патрил».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …