Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Германия

Партияи Коммунистии Германия

Партияи Коммунистии Германия (ПКР), дар съезди муассисони партия (30 декабри 1918 — 1 январи 1919 Иттифоқи Спартак даъват карда буд) дар рафти Револютсияи ноябрия 1918. ки дар шароити болоравии ҳаракати револютсионӣ дар зери таъсири Револютсияи  Кабири Сотсиалистии  Октябр вусъат ёфт, таш­кил шуд. Соли 1919 Партияи Коммунистии Германия ба Интернатсионали Коммунистӣ дохил шуд. Партияи Коммунистии Германия ПКГ аз аввали ташкилёбии худ дучори таъқиботи реаксияи империалистӣ гардид. Январи 1919 асосгузорони пар­тия К. Либкпехт ва Р. Люксембург вахшиёна кушта шуданд. Дар Съез­ди 6-уми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (декабри 1920) партия бо аксарияти Партияи мустақили сотси­ал-демократии Германия дар зами­ная марксизм-ленинизм муттаҳид шуд.

Дар мубориза барои ба парти­яи ҳақиқатан револютсионии синфи коргар табдил додани Партияи Коммунистии Германия ПКГ ва барои ба даст овардани аксарияти пролетариати Германия аз Партияи Коммунистии Германия ПКГ хориҷ кардани унсурони оппортунистии рост (Г. Бравдлер, А. Тальгеймерва дигар) ва унсурони чапи гузаро (Р. Фишер, А. Маслов ва дигар аҳамияти калон дошт. Дар Конференсияи 1-уми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (октябри 1925) Э. Тельман раиси партия интихоб шуд. Съезди 11-уми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (марти 1927) сиёсати Комитети Марказии навро маъқул донист ва вазифаҳои муборизаи зидди афзоиши хавфи ҳарбӣ ва аз нав мусаллаҳшавии Германия, вазифаҳои мубориза- ро барои талаботи иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон муайян кард.

Таъ­сири рӯзафзуни Партияи Коммунистии Германия ПКГ-ро махсусан Интихоботи рейхстаг (ноябри 1932), ки дар он партия қариб 6 миллион овоз гирифт, нишон дод. Дар баробари бар­по гардидани диктатурам фашистӣ (январи 1933) бар зидди Партияи Коммунистии Германия ПКГ террори хунин авҷ гирифт. Аз 300 ҳазор нафар коммунистон (ноябри 1933) қариб нисфашон гирифтори таъқибот гардида, ба ҳабсхона ва конслагерҳо партофта шуданд, дахҳо ҳазор коммунистон кушта шуданд. 3 марти 1933 Телманро ҳабс карда, ба шиканҷаҳои гестапо партофтанд (18 август 1944 фа­шистон ӯро куштанд). Конференсияи брюсселии Партияи Коммунистии Германия ПКГ (октябри 1935) қарорҳои Конгресси 7-уми Интернасионали Коммунистиро ба асос гирифта, вазифаи ягонагии амалиёти синфи коргарро дар муборизаи зидди ҳукмронии фашистӣ ба миён гу­зошт.

Баробари cap шудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) Партияи Коммунистии Германия ПКГ синфи коргари Германияро даъват намуд, ки ба шикасти армияи Германияи гитлерӣ кӯмак расонад. Дар шарои­ти душвори пинҳонкорӣ коммунис­тон ҳамроҳи коргароли сотсиал-демо­крат бар зидди диктатураи фашистӣ фидокорона мубориза мебурданд. Июли 1943 бо ташаббуси Комитети Марказии Партияи Коммунистии Германия ПКГ дар ҳудуди СССР Комитети миллии «Германияи озод» ташкил карда шуд, ки он маркази ташкилӣ ва си­ёсии қувваҳои зиддифашистӣ гар­дид.

Баъди торумор карда шудани Германияи фашистӣ Комитети Марказии Партияи Коммунистии Германия ПКГ дар муроҷиатномаи  худ аз 11 июни 1945, ки ба он Комитети Марказии Партияи Сотсиал Демократии Германия низ ҳамроҳ шуд, программа и васеи дигаргунсозиҳои демократиро (дар асоси ҳамкории тамоми қувваҳои демократии мамлакат) муайян кард. Дар натиҷаи мус­таҳкам гаштани ҳамкории Партияи Коммунистии Германия ПКГ ва Партияи Сотсиал Демократии Германия ПСДГ барои муттаҳид гардидани ду партияи синфи коргар замина пайдо шуд.

Дар шарқи Германия дар натиҷаи муттаҳид шудани ПКГ ва Партияи Сотсиал Демократии Германия ПСДГ апрели 1946 Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ташкил ёфт. Партияи Коммунистии  Германияи Faрбӣ, бо номи пештарааш чун ташкилоти мустақил соли 1948 ба расмият даромад. Анъанаҳои Партияи Коммунистии Германияро, ки аз фаъолияти Карл Либкнехт ва Роза Люк­сембург оғоз ёфта буданд, Партияи Коммунистки Германия давом медиҳад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …