Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Германия

Партияи Коммунистии Германия

Партияи Коммунистии Германия (ПКГ), партияи марксистии синфи коргар ва меҳнаткашони Республикаи Федеративии Германия. Сентябри 1968 ташкил гардид. Ташаккули Партияи Коммунистии Германия дар Съезди Эссен (апрели 1969) анҷом ёфт. Дар изҳороти Програм­мавии партия, ки дар съезд қабул гардид, қайд карда мешуд, ки партия дар рӯҳи анъанаҳои револютсионии ҳаракати коргарии Германия амал карда, мақсадаш дигаргунсозии сотсиалистии ҷамъият мебошад.

Съезди мангекмин Партияи Коммунистии Германия ПКГ (октябри 1978) Программаи партияро қабул кард. Дар он қайд мешавад, ки дар Республикаи Федеративии Германия РФГ пеш аз дигаргунсозиҳои сотсиалистӣ бояд давраи демократияи зиддимонополистӣ фаро расад. Дар програм­ма инчунин вазифаи муҳимми пар­тия — муборизаи қатъӣ дар роҳи прогресси демократӣ ва сотсиалӣ таъкид шудааст, то ки фаъолияти мо­нополияҳо дар давлат маҳдуд карда шуда, таносуби қувваҳои сиёсӣ дар мамлакат ба манфиати меҳнаткашон ба куллӣ тағйир дода шавад.

Партия дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Германия ПКГ — съезд, дар байни съездҳо ба кори партия Прав­ления роҳбарӣ мекунад. Раиси Партияи Коммунистии Германия ПКГ — Г. Мис. Органи марказиаш газетаи «Уизерс цайт».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …