Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Дания

Партияи Коммунистии Дания

Партияи Коммунистии Дания (ПКД), 9 ноябри 1919 дар натиҷаи ба Партияи сотсиалистии чапи Дания муттаҳид шудани қувваҳои чапи Иттифоқи сотсиалистии ҷавонон ва Партияи-сотсиалистии корга­рии Дания (таъсисаш апрели 1918) барпо гардид. Ин партия дар бораи ба Интернатсионали Коммунистӣ дохил шудан қарор қабул кард ва но­ябри 1920 Партияи Коммунистии Дания ПКД номида шуд. Дар аввали солҳои 30 Партияи Коммунистии Дания ПКД алоқаашро бо меҳнаткашон мустаҳкам намуд, соли 1932 намояндагони вай ба ҳайати парламенти Дания дохил шуданд. Съезди 14-уми (1936) партия принсипҳои. сиёсати фронти ягонаро мувофиқи шароити Дания муайян кард. Бо ташаббуси Партияи Коммунистии Дания ПКД дар мамлакат Ко­митети ҳамраъӣ бо муборизаи Испанияи республикавӣ ташкил шуд.

Дар давраи истилои фашистони немис (апрели 1940 май 1945) Партияи Коммунистии Дания Партияи Коммунистии Дания ПКД дар пинҳонкорӣ буд (аз июни 1941). Партияи Коммунистии Дания ПКД Ҳаракати Муқобилатро ташкил кард.

Баъди ҷанг намояндагони Партияи Коммунистии Дания ПКД ба ҳайати «ҳукумати озодӣ» (5 май — 6 нонябри 1945) дохил гардиданд. Партияи Коммунистии Дания ПКД ба ҳаракати қувваҳои прогрессивии халқи Дания барои муҳофизати сулҳ, зидди иштироки Дания дар НАТО, зидди ҳуҷуми монополияҳо ба манфиатҳои ҳаётии меҳнаткашон роҳбарӣ кард.

Солҳои 1956—60 Партияи Коммунистии Дания ПКД дар натиҷаи амалиёти ҷудоиандозии гурӯҳи ревизионистӣ, ки соли 1958 ба ҷудоӣ оварда расонд, душвориҳои ҷиддиро аз cap гузаронд. Минбаъд Партияи Коммунистии Дания ПКД сафҳои худро дар асоси марксизм-ленинизм мустаҳкам сохт ва таъсири худро дар байни меҳнаткашон пурзӯр кард.

Дар фаъолияти Партияи Коммунистии Дания ПКД Съезди 25-ум (сентябри 1976) аҳамияти калон дошт, ки дар он программаи нави пар­тия— «Программаи коммунистон» қабул шуд. Дар он вазифаи ба вуҷуд овардани фронти васеи қувва- ҳои зидди монополистӣ ва муқаррар намудани демократияи зиддимонополистӣ чун шакли ба сотсиализм гузаштан ба миён гузошта мешуд. Демократияи зиддимонополистӣ бояд ба иттифоҳи қувваҳои чап ва фаъо­лияти баланди оммаи халқ асос меёфт. Қувваи асосии ин гуна иттифоқ бояд синфи коргар шавад, ки ба он партияи марксистӣ-ленинӣ роҳбарӣ кунад. Дар соҳаи сиёсати хориҷӣ Партияи Коммунистии Дания ПКД аз НАТО ва Иттиҳоди иқтисодии Европа баромадан ва пеш гирифтани сиёсати ҳамзистии осоишта, паст кардани шиддати бай- налхалқӣ ва ҳамкориро бо ҳамаи давлатҳо, хусусан бо мамлакатҳои сотсиалистӣ талаб мекард.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Дания ПКД дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Дания ПКД ҳуҷҷатҳои қабулкардаи ин маҷлисҳои машваратиро маъқул донист.

Мувофиқи устав (соли 1958 қабул шудааст) Партияи Коммунистии Дания ПКД дар асоси принсипҳои сентрализми демократа сохта мешавад. Органи олӣ — съезди пар­тия, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ мебо­шад ки он барои роҳбарӣ ба кори ҷории партия Комитети иҷроияро интихоб мекунад. Раиси Партияи Коммунистии Дания ПКД — Й. Енсен. органи марказиаш газетаи «Ланд ог фольк», органи назариявиаш журнали «Тиден».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …