Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Булғория

Партияи Коммунистии Булғория

Партияи Коммунистии Булғория (ПКБ), асосҳояш 2 август 1891, вақте гузошта шуд, ки бо ташаббуси Д. Блатоев кружокҳои сотсиал-демократ мут- таҳид шуда, Партияи сотсиал-демок­ратии Булғория (ПСДБ)-ро ташкил намуданд. Съезди 1-уми муассисони Партияи сотсиал-демок­ратии Булғория ПСДБ (1 август 1891) Программа ва Устави партияро қабул кард, органи рохбарикунандаи Партияи сотсиал-демок­ратии Булғорияро интихоб намуд. Соли 1894 благоевчиён (партиячиён) ба манфиати муггаҳид шудани синфи коргар бо ташкилоти ис- лоҳотчигии Иттифоки сотсиал-демократи Бул­ғория (|«Иттифоқчиён») муттаҳид гардид. Партия номи Партияи коргарии сотсиал-демократия Булғория (ПКСДБ)-ро гирифт. Съезди 4-уми Партияи коргарии сотсиал-демократия Булғория  (июли 1897) ба Устав як қатор тағйирот дохил намуд.

Д. Бла­гоев муҳаррири журнали назариявии Партияи коргарии сотсиал-демократия Булғория  «Ново Броме» гардид. Дар Съезди 5-ум (июли 1898) благоевчиён барои Партияи коргарии сотсиал-демократия Булғорияро ба авангарди ҳақиқии синфи коргар табдил додан мубориза бурда, ба оппортунистон зарба заданд. Соли 1900 унсурони оп- портунистйӣ дар атрофи журнали «Общо дело» ҷамъ омаданд ва аз хамон вақт ошкоро «общедельчиён» меномиданд. «Общедельчиён» идеяи ҳамкории синфиро тарғиб карда, ба оммаи буржуазияи майда нигаронида­ни пропагандаи партиявиро тавсия менамуданд. Съезди 8-уми Партияи коргарии сотсиал-демократия Булғория (июли 1901) идеяҳои «общедельчиён»-ро рад кард. Дар Съезди 10-ум (1903) дар Партияи коргарии сотсиал-демократия Булғория ҷудоӣ ба амал омад. Марксистон, ки тарафдори партияи тифоқу муттаҳид буданд (номашон аз ҳамон ҷо «Сотсиалистони тифоқ — «теснякхо»), дар партияи мустақили револютсионӣ марксисти синфи коргарӣ Булғория — Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) —  муттаҳид шуданд.

Оппортунистон, ки партияро бо таш­килоти васеи ҳамаи «табақаҳои истехсолкунандогон (аз чумла буржу­азия ҳам — «сотсиалистони васеъ» табдил доданӣ буданд, партияи реформистон» худ — Партияи коргарии сотсиал-демократии Булғория (сотсиалистони широкий) – ро ташкил доданд. Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк)  на танҳо общеделоҷигӣ, балки бернштейнчигӣ, сентризм ва дигар зуҳуроти оппортунизмро дар ҳаракати сотсиалистии байналхалқӣ фош менамуд. Дар замони ҷангҳои Бал­кан (1912—13) ва Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк  таҳти роҳбарии Д. Благоев, Г. Кирков, В. Коларов, Г. Димитров, X. Кабакчисв ба принсипҳои интернасионализми пролетарӣ содиқ монда, ба шовинизм ва ҷанг қатъиян муқобил баромад.

Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) дар зери таъсири Револютсияи Октябр аз бисёр ақидаҳои кӯҳнаи сотсиал- демократӣ халос шуд. Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) дар ташкил намудани интернасионали Коммунистӣ фаъолона иштирок карда, соли 1919 ба ҳайати он дохил гардид. Маи 1919 Партияи коргарни социал-демократии Бул­гория (сотсиалистони тесняк) Партияи Коммунисти Булгория (социалистони тесняк) — ПКБ (с. т.) номида шуд. Съеэди 1-уми Партияи Коммунисти Булғория (сотсиалистони тесняк)   «Декларацияи программавӣ» қабул намуд. ки дар он дар бораи ҳокимиятро ба даст гирифтани про­летариат, дар бораи диктатураи про­летариат нахустин бор масъала гузошта шуда буд.

Съезди 2-юми Партияи Коммунисти Булгория (социалистони тесняк) май — июни 1920 программам партияро қабул кард. Съезди 3-юм (май 1921) оид ба масъалаи аграри резолютсияро тасдиқ кард, ки дар он иттифоқи синфи коргар ва деҳқонон эълон карда мешуд. Съезди 4-уми Партияи Коммунисти Булғория (социалистони тесняк)  июни 1922 тактикаи фронт ягонаро маъқул донист, 9 июни 1923 дар Булғория табаддулоти фашистӣ шуд. Дар ин давра Партияи Коммунистии Булғория маҷбур буд ба пинҳонкорӣ гузарад. Соли 1927 Партияи Коммунисти Булғория барои истифода бурдани имкониятҳои легалӣ Партияи коргарӣ (ПК) ташкил кард, ки он то соли 1934 ошкоро амал мекард. Соли 1938 Партияи Коммунисти Булғория (сотсиалистони тесняк)    ва Партияи Коргарӣ муттаҳид шуда, Партияи коргарии Булғория (ПКБ)- ро ташкил намуданд. Баробари ба хоки Булғория даромадани Армияи Советӣ 9 сентябри 1944 Партияи коргарии Булғория  халқи Булғорияро ба шуриши мусаллаҳона бархезонд ва дар натиҷа диктатураи монархӣ-фашистӣ сарнагун карда шуда, дар мамлакат сохти демократияи халқӣ барқарор гардид.

Декабри 1948 Партияи коргарии Булғория  (коммунистон) Партияи Коммунистии Булғория номида шуд. Май — августи 1948 Партияи коргарии сотсиал-демократии Булғория (сотсиалистони широкий)ПКСДБ (с. ш.) дар асоси комилан эътироф кардани принсипҳои идеявӣ ва ташкилии марксизм-ленинизм ба Партияи Коммунистии Булғория ПКБ муттаҳид шуд. Декабри 1948 Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Булғория ПКБ барпо гардид. Съезд ба давраи нави тараққии мамлакат — давраи сохтмони асосҳои ҷамъияти сотсиалистӣ роҳ кушод. Съезди 7-уми Партияи Коммунистии Булғория ПКБ (июни 1958) хулоса баровард, ки муносибатҳои сотсиалистии ҷамъ- иятӣ дар Булғория дар хамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ғалаба карданд.

Съезди 10-уми Партияи Коммунистии Булғория ПКБ (апрели 1971) масъалаи инкишофи мамлакатро дар давраи сохтмони сотсиализми мутараққӣ муҳокима намуд программаи нави партия — программаи сохтмони сотиализми мутараққиро қабул кард. Вазифаҳои пешравии минбаъдаи Булғория дар Съезди 11-уми Партияи Коммунистии Булғория ПКБ (март — апрели 1976) муҳокима карда шуданд.

Ҳайатҳои вакилояи Партияи Коммунистии Булғория ПКБ дар маҷлисҳои машваратии байналхалии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Булғория ПКБ ҳуҷҷатҳои қабулкардаи ин маҷлисҳои машваратиро маъқул донист.

Партияи Коммунистии Булғория ПКБ аз рӯи принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад Органи олии Партия — съезд, дар давраи байни съездҳо — Комитети Марказӣ барои роҳбарӣ ба кори сиёсӣ Бюрои сиёсии Комитети Марказӣ, барои ҳалли масъалаҳои ҷорӣ Котиботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Булғория ПКБ интихоб карда мешавад. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Булғория ПКБ — Т. Живков. Органи марказни Партияи Коммунистии Булғория ПКБ — г. «Работяическо дело» органи назариявии Партияи Коммунистии Булғория ПКБ — журнали «Ново време» мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …