Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Бразилия

Партияи Коммунистии Бразилия

Партияи Коммунистии Бразилия (ПКБ), 25—27 марти 1922 дар Съезди 1-ум таъсис ёфт. Масъалаи асосии Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Бразилия (1925) дар иттифоқҳои касаба, дар байни ҷавонон ва деҳқонон пурзӯр намудани таъсири партия буд. Ҳангоми гузаронидани Съезди 3-юм (декабри 1928 — январи 1929) Партияи Коммунистии Бразилия дар иттифоқҳои касаба ва баъзе органҳои худидоракунии маҳаллӣ нуфузи калон дошт. Апрели 1929 бо ташаббуси Партияи Коммунистии Бразилия Конфедерасиям умумии меҳнаткашони Бразилия таъсис дода шуд. Дар давраи кори легалии солҳои 1945—47 Партияи Коммунистии Бразилия партияи оммавӣ гар­дид, ки бештар аз 150 ҳазор нафар аъзо дошт. 14 коммунист соли 1945 ба пала­таи депутатҳои Конгресс интихоб шуда буд. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бразилия Л. К. Престес сенатор интихоб шуд. Дар дохили партия субъекти­визм дида мешуд, ки он дар про­граммам партия, ки Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Бразилия (1954) қабул кард, зоҳир гар­дид.

Минбаъд Партияи Коммунистии Бразилия  дар муборизаи пуршиддати идеологи майдонҳои субъективистӣ ва ревизиолистиро бартараф намуда, соли 1958 ба фаъолияти лeгaлӣ шурӯъ намуд. Съезди 5- уми Партияи Коммунистии Бразилия (I960) Резолютсиям сиёсӣ қабул кард, ки он вазифақои рӯзмараро муайян намуда, бо масъалаҳои кори партия дар иттифоқҳои касаба, дар байни деҳқонон, занон ва ҷавонон, масъалаҳои мубориза барои сулҳ, муҳофизати Револютсияи Куба (1959) диққати калон дод, устави нави Партияи Коммунистии Бразилияро тасдиқ кард. Декабри 1967 Съез­ди 6-уми Партияи Коммунистии Бразилия  ғайрилегалӣ барпо гардид. Съезд қаpopи плену ми сентябрии 1967-ро дар бораи аз партия хориҷ намудани гурӯҳи унсурони ҷудоиандози чап якдилона тасдиқ намуд.

Партияи Коммунистии Бразилия  барои барпо намудани фронти васеи қувваҳои демократӣ ва прогрессисӣ, барои муборизаи зидди диктатура, барои барқарор намудани демократия дар мамлакат кӯшишу матонати қатъӣ нишон дод. Ҳайати вакилони Партияи Коммунистии Бразилия дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Бразилия дар асосҳои принсипҳои сентрализми демократӣ сохта меша­вад. Органи олии Партияи Коммунистии Бразилия съезд мебошад. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бразилия — Ж. Диас. Органи марказии Партияи Коммунистии Бразилия — газетаи ҳармоҳаи «Вос оперария».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …