Главная / Гуногун / Партияи Kоммунистии Боливия

Партияи Kоммунистии Боливия

Партияи Kоммунистии Боливия (ПКБ), январи 1950 дар натиҷаи муттаҳидшавии гурӯҳҳои ком­мунистӣ таъсис ёфт. То соли 1952 Партияи Kоммунистии Боливия пинҳонӣ кор мебурд. Апрели 1952 Партияи Kоммунистии Боливия  дар шӯриши халқӣ, ки бо револютсияи зиддиимпериалистӣ, зиддифеодалии буржуазию демократӣ ибтидо гузошт иштирок намуд. Апрели 1959 дар Ла-Пас Съезди 1-уми Партияи Kоммунистии Боливия барпо гардид, ки он то ба охир расондани дигаргунсозиҳои зиддиимпериалистӣ, зиддифеодалии револютсионӣ ташкил намудани ҳукумати демокра­тии озодии миллиро, ки дар он мебоист ифодакунандагони манфиатҳои синфи коргар мавқеи роҳбари- кунандаро ишғол кунанд, вазифаи асосӣ эълон кард.

Съезди 2-юми Партияи Kоммунистии Боливия (март — апрели 1964) «Декларасияи программавӣ ва платформаи талабҳои наздиктарини Партияи Kоммунистии Боливияро қабул кард, шиори муборизаро барои ҳукумати халқии зиддиимлериалистӣ бо мақсади барҳам додани ҳукмронии монополияҳои хориҷӣ, ба амал баровардани ислоҳоти радикалии аграрӣ, беҳтаркунии аҳволи меҳнаткашон ба миён гузошт. Баъди табаддулоти давлатӣ (ноябри 1964) Партияи Kоммунистии Боливия моҳияти контрреволютсионии онро фаҳмида, дар муроҷиатномаи худ ба халқ (аз 12 ноябри 1964) ба мустаҳкамкунии ягонагӣ ва ташкили синфи коргар, вусъат додани мубориза барои муҳофизати озодаҳои демок­ратӣ даъват намуд. Соли 1967 Партияи Kоммунистии Боливия манъ карда шуд. Баробари ба сари ҳомимият омадани ҳарбиёни дорои руҳияи миллатчигӣ (сентябр 1969) Партияи Kоммунистии Боливия имконият ёфт, ки озодона амал кунад. Баъди табаддулоти давлатии ҳарбии реаксионӣ (августи 1971) Партияи Kоммунистии Боливия боз ба пинҳонкорӣ гузашт. Ибтидои 1978 Партияи Kоммунистии Боливия  аз пинҳонкорӣ баромада, ҳамроҳи дигар партия ва ташкилотҳои чап дар ташкили Фронти ягонагии демократӣ ва халқӣ иштирок намуд.

Апрели 1979 дар Ла-Пас Съез­ди 4-уми Партияи Kоммунистии Боливия  барпо гардид, ки он вазифаи сафарбарии табақаҳои васеътарини меҳнаткашонро барои ба анҷомрасонии просесси оғозёфтаи демократикунонӣ, инчунин вазифаи ба партияи оммавӣ табдил додани Партияи Kоммунистии Боливияро дида баромад. Ҳайатҳои вакилони Партияи Kоммунистии Боливия дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, I960, 1969, Москва) иштирок кар­данд. Партияи Kоммунистии Боливия ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Партияи Kоммунистии Боливия дар aсоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Ор­гани олии партия — съезди миллӣ, дар байни съезддо — Комитети Марказӣ, ки он Ко­миссияи сиёсӣ ва Котиботро интихоб мекунад. Котиби якуми Комитети Марказии Партияи Kоммунистии Боливия — X. Коле Куато. Органи Марказиаш — «Унидад».

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

mugsu

МУҒСУ

МУҒСУ, дарёест дар pайони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз як шудани дарёҳои Селдара ва …