Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Бирма

Партияи Коммунистии Бирма

Партияи Коммунистии Бирма (ПКБ), 15 августи 1939 ташкил шуд. Дар давраи Ҷавги дуюми ҷаҳонӣ Партияи Коммунистии Бирма ташкилоти фаъоли муборизаи миллию озодихоҳона ва Ҳаракати муқобилати зидди японҳо буд. Съез­ди 1-ум соли 1943 пинҳонӣ ҷамъ омад. Соли 1944 ба Лигаи зиддифашистии озодии халқ (ЛЗОХ) дохил шуд. Баъди ҷанг роҳи ба даст овардани истиқлолияти миллии Бирма ва пурра бар­ҳам додани ҳукмронии мустамликадории англисҳоро дар Бирма пеш гирифт: Соли 1945— август 1946 як қатор ташкилотҳои оммавии меҳнаткашонро ташкил дод. Баъди Съезди 2-юм соли 1945 дар партия ҷудой ба амал омад; танқиди роҳбарияти Лигаи зиддифашистии озодии халқ  (баъзан аз мавқеҳои чап) боиси аз Лигаи зиддифашистии озодии халқ  хориҷ карда шудани Партияи Коммунистии Бирма (1946) гардид. Аз марта 1948 дар вазъияти ғайрилегалӣ бар зидди ҳу­кумати Бирма муборизаи яроқнок бурда, моҳияти прогрессивӣ доштани дигаргунсозиҳои иҷти моии иқтисодии Бирмаро инкор мекунад.

Ҳайати вакилони Партияи Коммунистии Бирма  дар Маҷлисҳои машваратаи байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, I960, Москва) иштирок кард. Партияи Коммунистии Бирма  ҳуҷҷатҳои ин маҷлисҳои маш- варатиро маъқул донист. Ленин сонитар роҳбарияти Партияи Коммунистии Бирма  ба давраи таъсири маоизм афтода, партияро аз ҳаракати байналхалқии коммунистӣ ҷудо кард. Роҳбарияти Партияи Коммунистии Бирма  аз иштирок дар Маҷлиси машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарии соли 1969 даст кашид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …