Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Белгия

Партияи Коммунистии Белгия

Партияи Коммунистии Белгия (ПКБ), 4 сентябр 1921 ташкил ёфт. Ҳамон сол ба Интернасионали Коммунистӣ дохил гардид. Партияи Коммунистии Белгия солҳои 20—30 ба ҷазодиҳиҳои ҳукуматдорон нигоҳ накарда, дар ташкили муборизаи меҳнаткашон ба муқобили сиёсати доираҳои ҳукмрон мавқеи калон дошт. Солҳои 1936—39 бо даъвати Партияи Коммунистии Белгия зиёда аз 2 ҳазор нафар белгияҳо дар Испания дар сафҳои бригадаҳои интернасионалӣ ме­ҷангиданд. Дар давраи аз тарафи фашистони немис истило шудани Белгия (май 1940 — сентябр 1944) Партияи Коммунистии Белгия  пинҳонӣ амал мекард ва роҳ- бари Ҳаракати Муқобилат буд.

Соли 1914 баъди озод шудани Бел­гия, намояндагони Партияи Коммунистии Белгия ба ҳайати ҳукумат дохил шуданд. Партия про­граммаи барқароркунии мамлакатро пешниҳод кард. Вале доираҳои реаксионии бо дастгирии роҳбарони рости Партияи сотсиалистии Белгия (ПСБ) ва доираҳои ҳукмрони Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар мамлакат маъракаи зиддиком­мунистӣ ва зиддисоветиро вусъат доданд. Марти 1947 коммунистон аз ҳайати ҳукумат ронда шуданд. Августи 1950 аз дасти қотилони зархариди фашистӣ — Раиси Партияи сотсиалистии Белгия  Ж. Ляо кушта шуд. Дар натиҷаи таъқибу дунболагириҳои ҳукумат шумораи’ аъзоёни Партияи Коммунистии Белгия  кам шуд. Съездҳои 12-ум (1957) ва 13-уми партия (1960) вазъияти мамлакатро ба назар гирифта, тезисҳои программавӣ қабул карданд.

Дар ҳуҷҷатҳои съеэдҳои 14—19- уми Партияи Коммунистии Белгия ташкили фронти васеи зиддимонополистӣ, барпо кардани ҳукумати зиддимопополостӣ, милликунонии банкҳо ва ғайра мақсади про­граммавии партия эълон шуданд. Партияи Коммунистии Белгия  таклиф намуд, ки масъалаи миллӣ дар Бельгия бо роҳи аз давлати унитарӣ (ягона) ба федерасияи автономияҳои Фландрия, Валломния ва Брюссел табдил додани Белгия ҳал карда шавад. Съезди 23-юми Партияи Коммунистии Белгия (1979) роҳи муборизаро барои қонеъ гардонидани талаботи оммаҳои медҳнаткаш, барои ислоҳоти де­мократии давлат, барои сулҳ ва яроқпартоӣ муайян намуд, тадбирҳоро оид ба муттаҳид намудани сафҳои партия тасдиқ кард.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Белгия  дар Маҷлисҳои машваратаи байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960. 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Белгия ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул шу­морид. Партияи Коммунистии Белгия  дар асосҳои принсинҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олӣ — съезди пар­тия, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ, ки барои роҳбарӣ ба кори ҷории партия Бюрои сиёсии Комитети Марказиро интихоб менамонд. Раиси Партияи Коммунистии Белгия  — Л. ван Гейт. Ор­гани маркаpиаш — на-шрияҳои ҳаррӯзаи «Драпо руж» (ба забони Фран­савӣ), ҳафтаинаи «Роде ван».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …