Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Бангладеш

Партияи Коммунистии Бангладеш

Партияи Коммунистии Бангладеш (ПКБ). То соли 1971 Партияи Коммунистии Покистони Шарқӣ (ПКПШ) ном дошт, ки oн соли 1948 ташкил ёфта буд. Аз соли 1954 дар пинҳонкорӣ амал мекард. Конференсияи 3-юми ғайрилегалии Партияи Коммунистии Покистони Шарқӣ чораҳои аз ҷиҳати ташкилӣ мустаҳкам намудани партия ва ба роҳ мондани кори байни оммаро андешид. Соли 1968 дар пинҳонӣ Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Покистони Шарқӣ барпо гардид, ки он ҳайати нави Комитети Марказиро интихоб намуда. Программа ва Устави партияро қабул кард. Партияи Коммунистии Покистони Шарқӣ дар муборизаи мусаллаҳона ба муқобили режими А. М. Яҳёхон ва барпо намудани Республикаи Халқии Бангладеш (1971) фаъолона иштирок намуд.

Апрели 1971 Партияи Коммунистии Покистони Шарқӣ ба худ номи Пар­тияи Коммунистии Бангладеш (ПКБ)-ро гирифт ва аввалин бор имконияти васеъ пайдо кард, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат ошкоро ва фаъолона иштирок кунад. Пар­тияи Коммунистии Бангладеш ба­рои барқарор намудани иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар кардани аҳволи оммаи меҳнаткашон сафарбар намудани қувваҳои эҷодии халқро вазифаи асосии худ эълон намуд. Аммо парокандагии синфи коргар ва набудани ягонагии ҳақиқии амалии қувваҳои миллии ватандӯст ба Пар­тияи Коммунистии Бангладеш халал расонданд, ки дар аввалин интихоботи парламент (1973) номзадҳои худро пешбарӣ кунад. Съезди 2-юми Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  (декабри 1973) ком­мунистонро ба тарафдории дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки ҳу­кумати Муҷибурраҳмон мегузаронд, сафарбар намуд. Баъди табаддулотн давлатии 1975 кори Пар­тияи Коммунистии Бангладеш мушкил гаридд; соли 1977 Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  манъ ва роҳбаронаш ҳабс карда шуданд .(соли 1978 озод гардиданд).

Ҳайати вакилони Партияи Коммунистии Покистони Шарқӣ дар Маҷлиси машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1969, Москва) иштирок карда, ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлис қабулшударо маъқул донист. Раиси Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  — Мони Сингҳ. Котиби генералии Комитети Марказии Пар­тияи Коммунистии Бангладеш  — Муҳаммад Фарҳод. Органи марказӣ — нашрияи ҳафтаинаи «Экота».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …